Дирӯз, 4-уми март, дар назди бинои Китобхонаи ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба “Рӯзи модар” намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашри ноширони зертобеи Вазорати фарҳанг баргузор шуд. Намоишгоҳ, ки бо садои карнайу доира дар фазои идона оғоз гардид, хонандагону донишҷӯён, ҳунармандон, устодони донишгоҳу донишкадаҳо, кормандони вазорату идораҳоро ва дар умум сокинони пойтахту меҳмонони онро ҷамъ овард.
Намоиш ва фурӯши китоб соати 10:00 оғоз гардида, то соати 16:00 идома кард, ки дар он ноширони зертобеи Вазорати фарҳанг китобҳои тозанашри худро ба теъдоди беш аз 10 ҳазор нусха ва 100 номгӯ ба намоиш гузошта буданд.
Иззатулло Сафарзода, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ки ҳоло роҳбарии Театри давлатии Лӯхтакро ба ӯҳда дорад, бо ҳунармандони ин театр аз намоишгоҳи китоб дидан мекард ва дар даст чанд китоб дошт. Ӯ гуфт, мудом бо аҳли эҷодии театр аз чунин маъракаҳои фарҳангӣ дидан мекунад ва навбати гузашта аз намоиш ва фурӯши китоб, ки дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуда буд, чанд китоб хариданд ва талош доранд, аз онҳо саҳнагузорӣ кунанд.
Ӯ дар қатори китобҳои Мавлоно Румӣ, Фаридуддини Аттор ва китоби “Чор дарвеш” аз силсилакитоби “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб”-и нависандагони эронӣ, ки ба тоҷикӣ низ тарҷумаи хуб шудааст, махсус ном бурда гуфт, интизор меравад, ҳикояҳои интихобшудаи ин китобҳо саҳнагузорӣ шаванд.
Роҳбари ин театр дар ин баробар аз набудани драматургоне, ки барои театрҳо, махсусан Театри Лӯхтак асар нависанд, изҳори таассуф ва нигаронӣ карда гуфт, ки аз сабаби набудани чунин асарҳо дар адабиёти муосири тоҷик ба асарҳои классикону ҷаҳон рӯ меоранд. Ӯ аз Ҷумъа Қуддус, Абдуҷаббор Абдуғаффор, Тоҳир Мамадризоев, Ато Ҳамдам ном бурд, ки ҳамкории андаке доранд ва оянда ин ҳамкориҳоро рушд додан мехоҳанд.

Ҳотам Салимов, ҳунарпешаи ин театр гуфт, ба воситаи чунин маъракаҳои фарҳангӣ бо китобҳои тозанашр шиносоӣ пайдо мекунад.
“Маро, ки ҳунарманди театри бачагона ҳастам, бештар асарҳое ҷалб мекунанд, ки ба тарбияи насли наврас вобастаанд. Фарқ надорад, чӣ аз классикон аст ва чӣ муосир”, - гуфт ин ҳунарпеша.
Ӯ, ки дар даст китоби “Тӯтинома”-ро дошт, ваҷҳи интихоби маҳз ин китобро ба чунин далел тавзеҳ дод: “Ин китоб воқеаҳоеро дарбар мегирад, ки аз забони як тӯтии сухангӯ хеле дилкаш ва ҷолиб тасвир шудааст. Ҳикояҳои шавқангези ин китоб аслан фарогири панду ахлоқи ҳамида мебошанд ва хонандаро ба ростию ростқавлӣ инсондӯстию фарзонагӣ ҳидоят менамояд”.
Хурсандмурод Зарифов, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ки асосан аз китобҳои назм назора мекард, гуфт, “имрӯз китоби “Девони Лоиқ”-ро харидорӣ кард ва аз шеърҳои тозаи он минбаъд дар интихоби матни таронаҳояш истифода мекунад”.

Чанд вижагии намоиш ва фурӯши китоб
Бархе бинандагони китоб баргузории ин гуна маъракаҳоро иқдоми хуб арзёбӣ карда мегуфтанд, барои рафтан ба нуқтаҳои китобфурӯшӣ ва ё худи нашриёт вақт надоранд ва ин намоиш ва фурӯши китоб дар маркази шаҳр барои онҳо имкони хубест.
Гурӯҳе бошад, ба далели он ки инҷо чанд нашриёт ширкат дораду имкони интихоб ва муқоисаи як асар дар чанд нашру нусха ва ҳатто нарх фароҳам аст, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҳаётзода Алиакбар, корманди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ин намоишгоҳ ба “Рӯзи модар” бахшида шудааст ва таҷлил аз баҳору ҷашни бонувон аст.
Ба гуфтаи ӯ, инҷо китобҳои аз соли 2010 инҷониб нашршуда пешниҳод шудаанд ва аксари онҳо нашри як-ду соли охиранд. Ба гуфтаи ӯ, баргузории чунин маъракаҳои китоб, аз ҷумла намоиш ва фурӯши имрӯза гарчанде сараввал пешбурди сиёсати давлатӣ барои ба китобхонӣ даъват намудан аст, дар ин баробар чанд афзалият ҳам дорад.
Ӯ қайд кард, аввалан китобҳое, ки имрӯз ба маърази тамошо гузошта шудаанд, бо нархи арзонтар – 15-20 дарсад тахфиф ба ҳаводорони китоб фурӯхта мешаванд ва ин метавонад як сабукӣ бошад.
Бояд зикр кард, ки дар намоишгоҳ китобҳо бо нархи гуногун, аз ҷумла аз 5 то 300 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Махсусияти дигар бошад, дар баланд будани сифати нашри китобҳои ин нашриёт шарҳ дода шуд.
“Агар мушоҳида кунем, ноширони дигар ба теъдоди зиёдтар китоб нашр мекунанд, аммо сифати китоб на он қадар хуб аст. Аммо теъдоди китобҳои нашриёти давлатӣ камтар, аммо сифат боло аст”, - гуфт ин масъул.
Гуфта шуд, дар ин мавзеъ баргузор гардидани намоиш ва фурӯши китоб бисёр мақбул аст, зеро ин кӯчаи марказии шаҳр буда, мардум ҳангоми гаштугузор ҳатман чашмашон бармехӯрад ва метавонан ба он як сар занад ва шояд китобе писандаш ояду харидорӣ кунад.
Аҳмадҷон Пиров, ки хонандаи синфи 4 будааст, бо модараш китоби “Субҳи ҷавонии мо”-и Сотим Улуғзодаро харидорӣ мекард. Ӯ гуфт, баъзе асарҳои Сотим Улуғзодаро хондааст ва мехост ин китобро низ мутолиа кунад. Ӯ иштирокчии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” будааст ва ба гуфтааш, дарки китобҳои адибони муосир барояш мушкил пеш намеорад.

“Инҷо бояд тозанашрҳо бошанд”
Дар намоишгоҳ китобҳои ҷаҳонӣ ва тарҷумаи онҳо ба забони тоҷикӣ қариб ки ба чашм намерасид, ба ҷуз баъзе китобҳои кӯдакона. Танҳо тарҷумаи чанд асари тоҷикӣ ба баъзе забонҳо, аксаран рӯсӣ дида мешуд.
Ба гуфтаи намояндаи вазорати фарҳанг сабаби набудани ин гуна китобҳо дар он аст, ки ҳар як нашриёти вазорати фарҳанг фарогири самти мушаххасест.
“Масалан, нашриёти “Адиб” китобҳои адибони тоҷикро чоп мекунад, ки аз роману қиссаву достону шеър, дар умум жанрҳои лирикиву ҳамосӣ иборатанд. Нашриёти “Ирфон” бошад, аксаран китобҳои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва китобҳои хусусияти ирфонидоштаро чоп мекунад. Нашриёти “Адабиёти бачагона” ба нашри китобҳои бачагона тахассус дода шудааст ва Сарредаксияи илмии Энсеклопедияи тоҷик, чуноне аз номаш пайдост, асарҳои илмӣ ва донишномаву фарҳангҳоро нашр мекунад”, - шарҳ дод ӯ.
Ҳафиз Раҳмон, адабиётшиноси тоҷик, ки ҳамеша аз китобу китобхонӣ ҳимоят мекунад, саргарми тамошои китоб буд ва бо ҳамсафонаш дар мавриди хубии баргузории ин гуна маъракаҳо мегуфт.
Ӯ ҳамчунин шиква кард, ки инҷо аслан бояд тозанашрҳо бошанд ва он чизе ки дар ҳама ҷо ҳаст, набошад.
Аммо мушоҳида мешуд, ки китобҳои ба намоишгоҳ гузоштаро дилхоҳ вақт аз нуқтаҳои фурӯши китоб пайдо кардан мумкин аст.

Ҳамчунин, чанде аз онҳое, ки а намоиш омада буданд, аз набудани асарҳои ҷаҳоншумул шикоят доштанд.
Бояд гуфт, солҳои охир дар пойтахт ин гуна маъракаҳои намоиш ва фурӯши китоб зиёд баргузор мешаванд, махсусан дар ҳафтаҳои китобу остонаи ҷашнҳо. Чанде пеш, 10 феврали соли ҷорӣ, дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш ва фурӯши китоб доир шуда буд.
Сабти номи довталабон дар ММТ барои ширкат дар имтиҳони дохилшавӣ оғоз шуд. Довталаб бояд чиро донад?
Вазорати рушди иқтисод мегӯяд, 42% аҳолии кишвар ба синфи миёна шомиланд
Чӣ тавр тоҷикон дар деҳот аз нерӯи офтоб истифода мебаранд?
Ягона мағозаи калони китобфурӯшӣ дар шаҳри Хуҷанд барҳам хӯрд
Дар фурудгоҳи Душанбе бо муҳоҷирон доир ба терроризму ифротгароӣ суҳбат гузаронида шуд
Пуштибони журналистон. Нуриддин Қаршибоев 65-сола шуд
Як Эътилофи байналмилалӣ аз мақомоти Тоҷикистон озодии Рухшона Ҳакимоваро хост
Ҷашни Тиргон дар Тоҷикистон расман ба феҳристи рӯзҳои ид шомил шуд
Олам гулистон мешуд, агар дар Тоҷикистон ба мутахассисон ва деҳқонон гӯш медоданд…
Озмун барои дарёфти ҷоизаи Рустами Эмомалӣ дар соли 2025 эълон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста