Артиши ИМА дар вокуниш ба ҳамлаи кимиёвии нерӯҳои Сурия дар шаҳри Хон Шайхун, як пойгоҳи ҳавоии нерӯҳои режими Башор Асадро мавриди ҳамла қарор додааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, вазорати дифои Амрико эълон кардааст, ки пойгоҳи "Шаъирот" воқеъ дар вилояти Ҳимс, мавриди ҳамлаи мушакии нерӯҳои ҳавоии ин кишвар қарор гирифтааст.

Тибқи иттилои хабаргузории CNN, ҳамлаи мушакии Амрико аз ду киштии ҷангии ин кишвар дар баҳри Миёназамин анҷом шуда ва дар ин ҳамла 50 мушак ба сӯи ин пойгоҳи низомии нерӯҳои Сурия партоб шудааст.

Ба гузориши SBC, сабаби ҳамла ба ин пойгоҳи ҳавоӣ он будааст, ки Амрико бовар дорад, аз ин пойгоҳ ҳамлаи кимиёвии ду рӯзи пеш ба шаҳри Хон Шайхуни вилояти Идлиб анҷом шудааст.

Доналд Трамп шомгоҳи панҷшанбе гуфт, дар вокуниш ба ҳамлаи ҳавоӣ дар Хон Шайхун дар вилояти Идлиб, фармони ҳамлаи мушакӣ ба як пойгоҳи ҳавоии артиши Сурия, ки ҳамла аз онҷо сурат гирифта буд, содир кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки пеш аз 50 мушаки "Томаҳавк" ба пойгоҳи ҳавоии Шаъирот дар вилояти Ҳимс партоб кардааст.

Дар ҳамлаи кимиёвии пеш аз зӯҳри сешанбеи 4 апрел дар минтақаи Хон Шайхуни вилояти Идлиби Сурия ҳудуди 100 нафар кушта шуданд, ки миёни онҳо занону кӯдакон низ буданд.