Русия тасмим гирифтааст, ки созишномаи муштаракро бо ИМА дар бораи таъмини амнияти парвозҳо ҳангоми анҷоми амалиёт дар Сурия, боздорад. Ин тасмим дар посух ба зарбаи ИМА ба Сурия гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд, Амрико ба ин зарба аз қабл омода мешуд ва руйдодҳои Идлибро ИМА "барои ба намоиш гузоштани қудрат" истифода бурд.

Маскав даъват кардааст, ки Шӯрои Амнияти СММ баргузор ва вазъияти пешомада баррасӣ шавад. Пештар аз ин низ Кремл изҳор дошта буд, ки ҳамлаи мушакии Амрико ба Сурия зургӯӣ зидди давлати мустақил аст.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 7 апрел бо фармони президенти ИМА Доналд Трамп киштиҳои низомии Амрико ба пойгоҳи ҳавоии "Шайрат"-и Сурия мушаки болдор партоб карданд. Ин зарбаҳо дар посух ба ҳамлаи кимиёвии шаҳри Хон-Шайхуни вилояти Идлиб зада шуданд. Дар натиҷаи зарбаи кимиёвӣ даҳҳо сокини осоишта қурбон шуд.