Агар Русия дар гуфтушунидҳо миёнарав шавад, метавонад ба Афғонистон дар бекор намудани таҳримҳои СММ кумак кунад. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба гуфтаҳои муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҳукумати муваққатии кишвар ва намояндаи ҳаракати “Толибон” Забеҳулло Муҷоҳид хабар медиҳад.
"Илова ба кӯмаки Маскав дар бекор кардани таҳримҳо, мо аз онҳо хоҳиш мекунем, ки дар ҳалли мусолиматомези вазъи минтақа ва бахусус Афғонистон, инчунин раванди бозсозии кишвари мо ёрӣ расонанд", - гуфт сухангӯи ҷангҷӯён.
Номбурда илова кардааст, ки Кобул интизор дорад, ки қарорҳои дар ҷаласаҳои навбатии Шӯрои амният қабулшуда барои афғонҳо судманд хоҳанд буд.
Охири моҳи август президенти ИМА Ҷо Байден эълом дошт, ки аз ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи “Толибон” ҷонибдорӣ мекунад, аммо қарори ниҳоӣ дар ин бора бар асоси амалҳои “Толибон” қабул хоҳад шуд.
Аввали моҳи сентябр Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар Шӯрои амнияти СММ даъват кард, ки амали дороиҳои молиявии Афғонистон боздошта шавад. Маблағҳои ҳукумати Афғонистон дар ИМА нигаҳдорӣ мешаванд. Ба гуфтаи Небензя, ин ба кишвар барои ҳалли мушкилоти башардӯстона кумак хоҳад кард.
“Таназзули минбаъдаи вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва башардӯстона хуб нест. Баръакс, он ногузир боиси ноором шудани вазъият мегардад”, - ишора кард ӯ. Намояндаи Чин Гэн Шуан низ бо чунин ташаббус изҳори назар кард.
Ғайр аз ин, намояндагони Русия, Чин ва Покистон дар мулоқот бо ҳукумати Афғонистон аз муборизаи ин кишвар бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир пуштибонӣ карданд. Тарафҳо, аз ҷумла рушди равобити иқтисодӣ ва тамомияти қаламрави Афғонистонро баррасӣ карданд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.