Гурӯҳ Толибон* пахши барномаҳои Радиои Озодӣ ва Садои Амрикоро дар Афғонистон манъ кардааст. Ин гуруҳ расонаҳоро барои риоя накардани меъёрҳои журналистӣ гунаҳкор намудааст. Дар ин бора Садои Амрико иттилоъ медиҳад.
Роҳбарони ин ду расона гуфтаанд, ки қарори Толибон онҳоро аз роҳ бознамедорад ва онҳо ба кори худ идома медиҳанд ва “бо ҳар василаи мумкин ба мардуми Афғонистон хабари дуруст мерасонанд”.
Ба иттилои Садои Амрико, Толибон дар шарҳи тасмими худ гуфтаанд, ки бар асоси раҳнамуди нави Вазорати иттилоот ва фарҳанги онҳо, пахши барномаҳои радиоҳои Садои Амрико аз дохили Афғонистон шурӯъ аз якуми декабр мутаваққиф хоҳад шуд.
Билол Каримӣ, муовини сухангӯи Толибон дар вокуниш ба манъи пахши радиоҳои Радиои Озодӣ ва Садои Амрико гуфтааст, ки ба далели қатъи қарордоди ин расонаҳо бо телевизиони миллии Афғонистон, пахши онҳо боздошта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Абдулҳақ Ҳамод, раиси нашриёти Вазорати иттилоот ва фарҳанги Толибон дар сафҳаи Твиттери худ нигоштааст, ки Радио Озодӣ ба далели риоят накардани усули хабарнигорӣ баста шудааст, менависад Тулӯънюз.
Садои Амрико бо нашри эъломияе гуфтааст, ки манъи Радиои Ошно дар Афғонистон боиси хомӯш ва хафа кардани садои ин расона нашуда ва он пахши барномаҳои худ барои мардуми ин кишвар идома хоҳад дод.
Иоланда Лопес, сарпарасти Садои Амрико дар ин эъломия аз Толибон хостааст то дар мавриди ин “тасмими озордиҳанда ва асафбор таҷдиди назар кунанд”.
Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар вокуниш ба амалкарди Толибон гуфтааст, “шеваи кори ин расона тағйир нахоҳад кард ва бо ҳар василаи мумкин ба мардуми Афғонистон хабари дуруст расонида хоҳад шуд”.
Ба иттилои манбаъ, шуморе аз ниҳодҳои байналмилалии ҳомии озодии баён ва расонаҳо, қатъ шудани пахши Радио Озодӣ ва Садои Амрико дар Афғонистонро нигаронкунанда медонанд.
Ҳафизуллоҳ Борикзай, раиси шӯрои журналистони Афғонистон, гуфтааст, ки ба назари ӯ тасмими мутаваққиф кардани пахши радиоҳо натиҷаи хуб нахоҳад дод.
“Радиои дарии Садои Амрико дар моҳи октябри соли 1980 ва радиои паштуи Садои Амрико дар моҳи июли соли 1982 фаъолияти худро дар дохили Афғонистон оғоз намуда, ҳудуди 7,3 млн шунаванда доранд”, - менависад Садои Амрико.
Пас аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон, ин гурӯҳ маҳдудиятҳои шадидеро ба озодии баён ва расонаҳо дар Афғонистон ҷорӣ кард.
Бар асоси охирин гузориши Созмони гузоришгарони бидуни марз, пас аз ғасби ҳокимият дар Афғонистон аз сӯйи Толибон, 219 расонаи чопӣ, савтӣ ва тасвирӣ дар он кишвар аз фаъолият боз мондааст. Ин дар ҳолест, ки пеш аз ғасби қудрат аз ҷониби Толибон дар Афғонистон ҳудуди 547 расона вуҷуд дошт.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста