Суқути Қаробоғ ба обрӯи Русия зарбаи сахт зад ва ба сатҳи эътимод ба кафолатҳои амниятии Русия ҳам дар Арманистон ва ҳам дигар кишварҳои пасошӯравӣ таъсир расонд. Ва ин, шояд, хулосаҳои асосӣ аз рӯйдодҳои ҳафтаи гузашта бошад.

Нишасти С5+1 дар Ню-Йорк

Нишасти сарони давлатҳои ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон рӯйдоди муҳимтарини ҳафтаи гузашта дар минтақа буд, ки дар ҳошияи иҷлосяии Маҷмаи умумии СММ баргузор шуд.

Формати “C5+1”, ки соли 2014 дар Самарқанд таъсис шуда буд, қаблан ҳамчун як форум барои сафоратхонаҳои панҷ кишвар ва вазирони корҳои хориҷа барои ҳамоҳангӣ бо ИМА дар умури Афғонистон вуҷуд дошт. Президент Байден ҳамин тавр онро ба сатҳи президентӣ расонд.

Нишасти С5+1 дар Ню-Йорк

Ба гузориши “Ведомости”, иштирокчиёни ин ҳамоиш масъалаи фароҳам овардани фазои мусоиди барои тиҷорат ва сармоягузорӣ тавассути эҷоди як платформаи тиҷоратӣ барои бахши хусусиро баррасӣ карданд.

Ба ин манзур, Байден ба Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дастур додааст, ки моҳи октябр дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ нишасти вазиронро баргузор намуда, иқдомоти амалиеро, ки “ба рушди устувори иқтисодӣ мусоидат менамоянд”, баррасӣ кунад.

Дар ИМА ҳамчунин ваъда доданд, ки ба рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа, аз ҷумла ҷалби сармоягузорӣ ба Долони байналмилалии нақлиётии Транс-Хазар, масире, ки бидуни убури Русия Чинро бо кишварҳои Аврупо тавассути Қазоқистон, баҳри Хазар, Озарбойҷон ва Гурҷистон мепайвандад, мусоидат мекунанд.

Ба иттилои Газета.uz, ИМА пешниҳод кардааст, ки дар чаҳорчӯби С5+1 барои коркарди минералҳои Осиёи Марказӣ ва таҳкими амнияти канданиҳои фоиданоки муҳими кишвар Муколама оид ба минералҳои муҳимтарин роҳандозӣ шавад.

Байден инчунин ба идомаи дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолият оид ба имконоти иқтисодии занон ва тамаркузи нав дар доираи C5+1 дар мавриди пешбурди ҳуқуқҳои маъюбон дар тамоми бахшҳо даъват кард.

Президенти ИМА
Сурат: АР

Дар навбати худ, ба иттилои News Central Asia, раҳбари Қазоқистон гуфтааст, ки ба пуштибонии ИМА дар таъсиси Маркази минтақавии СММ оид ба ҳадафҳои рушди устувор умедвор аст.

Қирғизистон сармоягузорони байнулмилалиро ба маблағгузорӣ дар бахши гидроэнергетикии ин кишвар ва  Тоҷикистон аз шарикони байналмиллалӣ даъват карданд, ки барои таъмини амният дар минтақа кумак кунанд.

Комилан имкон дорад, ки яке аз сабабҳои баргузории нишаст дар Ню-Йорк майли амрикоиҳо барои ҷилавгирӣ аз гардиши маҳсулоти таҳримшуда ба Русия аст, ки бахши қобили мулоҳизаи он ба назари онҳо, аз Осиёи Марказӣ мегузарад.

Ба ин тариқ, менависад нашрияи “Известия”, дар соли 2022 гардиши мол миёни Русия ва Ӯзбекистон 23% афзуда, тақрибан ба 10 млрд доллар расидааст.

Русия ва Қирғизистон соли гузашта барои нахустин бор дар таърихи равобити дуҷониба 3,4 млрд доллар додугирифт кардаанд. Дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) бар ин назаранд, ки бахши қобили мулоҳизаи афзоиши муомилоти мол миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ба маҳсулоти таъиноти дугуна рост меояд, ки ба идомаи ҷанг ба Русия бо Украина кумак мекунанд.

Аз ин рӯ, имрӯз ИМА талош дорад бо кишварҳои минтақа муколама роҳандозӣ кунад, то онҳоро мутақоид созад, ки ба Маскав дар канорагирӣ аз таҳримҳои байналмилалӣ кумак накунанд.

Дар робита ба ин, мақомоти кишварҳои ғарбӣ ва ИМА дар як қатор давлатҳои дигар, ки тавассути онҳо Русия кӯшиш мекунад интиқоли мунтазами молҳои таҳримшударо ба роҳ монад, низ чунин нишастҳои машваратӣ баргузор мекунанд.

Албатта, чунин гуфтушунидҳо ба таври ошкоро эълон карда намешаванд, вале аз эҳтимол дур нест, ки дар ҳошияи нишаст ва дигар чорабиниҳои он масъалаҳои канорагирӣ аз таҳримҳо ба таври ғайрирасмӣ матраҳ шудаанд.

Натиҷаи ниҳоии низоъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ

Ҳафтаи гузашта яке аз мавзӯъҳои мавриди баҳси байнулмилалӣ пирӯзии ниҳоии Озарбойҷон дар даргириҳои тӯлонӣ бо Арманистон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ буд. Дар таҷрибаи байнулмилалӣ ин яке аз он мавридҳоест, ки муноқишаи мусаллаҳона бо роҳи ҳарбӣ ва зӯроварона ба туфайли ғалабаи комили як тарафи ҷангкунанда бар тарафи дигар ҳал карда шуд.

Қаробоғи Кӯҳӣ
Сурат: ТАСС

Дар таърихи пасошӯравӣ ин воқеан аввалин таҷрибаи қатъи низоъи байнимиллии ба истилоҳ “яхшуда” аст, ки тақрибан сӣ сол идома дошт, яъне аз замони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР).

То имрӯз дар фазои пасошӯравӣ як қатор чунин муноқишаҳои «яхзада» ва тӯлонӣ вуҷуд доштанд, ки гоҳ-гоҳ боиси хуруҷи нави хушунат ва амалиёти ҷангӣ мешуданд.

Ба ҷуз Қаробоғи Кӯҳӣ, инҳо низоъ дар Приднестровйе (Молдова), дар Гурҷистон ва атрофи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон, инчунин низоъи Исфараву Бодканд миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки беш аз сӣ сол бо танаффусҳо идома дорад.

То андозае ҷанги хунини кунунии Украинаву Русияро, ки низ аз даъвоҳои дуюмӣ ба қаламрави Қрим бармеояд, низ метавон ба ҳамин гурӯҳи низоъҳо рабт дод.

Дар ҳамаи ин муноқишаҳо Русия нақши калидӣ бозида, ҳамчун миёнарав ё иштирокчии мустақим ҳузур дошт.

Дар бисёр мавридҳо, ин низоъҳо ҳанӯз дар солҳои 90-ум бо миёнҷигарии фаъоли Маскав, ки аксар вақт амалан (ба мисли муноқишаҳо дар Осетияи Ҷанубӣ, Абхозистон ва Приднестровйе) яке аз тарафҳоро дастгирӣ мекард, қатъ (мутаваққиф) мешуданд.

Ҳалли зӯроваронаи низоъ дар атрофи Қаробоғи Кӯҳӣ барои миёнаравҳои байналмилалӣ чандон хушхабар нест, зеро ин метавонад намуна ва собиқае шавад, ки иштирокчиёни даргириҳои дигар аз он пайравӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки низоъ атрофи Қаробоғи Кӯҳӣ аз қадимтарин даргириҳо дар қаламрави Авруосиёи пасошӯравӣ мебошад. Он ҳанӯз пеш аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1988 замоне оғоз ёфт, ки аксарияти арманиҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Қаробоғи ҶШС Озарбойҷон аз мақомоти марказӣ ҳамроҳ шудан ба Арманистонро талаб карданд.

Тазоҳурот дар яке аз кӯчаҳои Ереван. 24 сентябри соли 2023
Сурат: AP / Scanpix / LETA

Дарҳол пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои 1991-1994 ин бархӯрд ба амалиёти густурдаи низомӣ барои назорати Қаробоғи Кӯҳӣ ва баъзе қаламравҳои ҳамшафат боис гардид.

Ҷанги ба истилоҳ якуми Қаробоғ бо шикасти сангин барои Озарбойҷон анҷом ёфт; воҳидҳои низомӣ ва қудратии арманиҳо натанҳо худи вилоят, балки боз ҳафт ноҳияи Озарбойҷони ҳамшафати ин минтақаро низ зери назорат гирифтанд.

5 майи соли 1994 Протоколи Бишкек дар бораи оштӣ ва оташбас миёни Арманистон ва ҷумҳурии эътирофнашудаи Қаробоғи Кӯҳӣ аз як тараф ва Озарбойҷон аз тарафи дигар, ба имзо расид. Ин созишнома ҳеҷ гоҳ ба маънои пурраи калима ба шартномаи сулҳ табдил наёфта, муноқишаро танҳо дар тӯли даҳсолаҳои минбаъда қатъ кард.

Мавқеи тарафҳо ба куллӣ мухолиф буд — Боку эътирофи натиҷаҳои ҷангро рад намуда, Ереван бошад, аслан бо стратегияи «қаламрав ба ивази сулҳ» амал мекард, яъне эътирофи истиқлолияти Қаробоғро ба ивази баргардонидани ноҳияҳои ишғолшудаи Озарбойҷон пешниҳод мекард.

Раванди сулҳ амалан ба сардаргумӣ афтода, тарафҳо бошанд, барои азсаргирии имконпазири амалиёти ҷангӣ фаъолона омодагӣ мегирифтанд.

Дар Боку пирӯзиро ҷашн мегиранд
Сурат: AFP

Ҷанги дуюми Қаробоғ охири моҳи сентябри соли 2020 оғоз шуда, 44 рӯз давом кард. Натиҷаи он шикасти ҳалокатовари ҷониби Арманистон шуд, ки назоратро натанҳо бар 7 ноҳияи Озарбойҷон, балки як қисми муҳими Қаробоғи Кӯҳӣ низ аз даст дод.

19 сентябри соли 2023 Озарбойҷон аз оғози “тадбирҳои зиддитеррористии маҳаллӣ” дар Қаробоғи Кӯҳӣ бо ҳадафи “барқарор кардани сохти конститутсионӣ” хабар дода, ба тирборон кардани қаламрави ҷумҳурии эътирофнашуда шурӯъ кард.

Амалиёти ҳарбӣ ҳамагӣ як рӯз давом кард ва баъд аз он ҳукумати Қаробоғи Кӯҳӣ воқеан ба таслим шудан розӣ шуд ва афроди мусаллаҳи минтақа ба супурдани аслиҳа шурӯъ карданд. Ба навиштаи ВВС, яке аз тақозоҳои аслии Боку барҳам додани тамоми ниҳодҳои ҳукумати худхонда аст, то ки ба Қаробоғ нафари таъинкардаи Алиев роҳбарӣ карда тавонад.

Ба ин тариқ, сухан дар бораи бечунучаро барҳам додани автономия (худмухторӣ) меравад. Илова бар ин, Боку ба сокинони армантабор пешниҳод мекунад, ки ё шаҳрвандии Озарбойҷонро қабул кунанд ва ё кишварро тарк кунанд.

Рӯзи 25 сентябр муҳоҷирати оммавии мардуми армантабори минтақа ба қаламрави Арманистон оғоз шуд; миқёси он маълум нест, аммо ба навиштаи “Мавҷи Олмон”, ин ҷо дар бораи анҷоми таърихи армании Қаробоғ сухан меравад.

Нашрия бо такя ба манобеъи маҳаллӣ хабар медиҳад, ки бахши аъзами аҳолии 120 ҳазорнафарии арманитабори минтақа ният доранд, ки Озарбойҷонро тарк кунанд.
Гурезаҳо аз Қаробоғи Кӯҳӣ дар роҳ ба сӯи Горис. 26 сентябри соли 2023
Сурат: AP / Scanpix / LETA

Имрӯз расонаҳо ва ҷомеаи коршиносон паёмадҳои ин гуна ҳалли зӯроваронаи низоъ дар атрофи Қаробоғи Кӯҳиро фаъолона баррасӣ мекунанд. Аз ҷумла, тавре ки «Новая газета Европа» менависад, теъдоде аз коршиносони интиқодгар бар ин назаранд, ки Русия воқеан аз миёнаравӣ худро канор гирифта, бо назардошти як қатор мулоҳизаҳои геополитикӣ, Арманистонро ба қурбонӣ дод.

Масалан, дар шароити кунунӣ барои Маскав нигоҳ доштани шарикӣ бо Туркия ва Озарбойҷон аз иҷрои ӯҳдадориҳои иттифоқӣ нисбат ба Арманистон муҳимтар буд.

Ба эҳтимоли зиёд, ба раҳбарияти Русия ба сари қудрат омадани Пашинян дар соли 2018, ки як дастнишондаи Ғарби дастаҷамъӣ маҳсуб мешуд, писанд наомадааст.


Чунин ба назар мерасад, ки Маскав дар оғози ҷанги дуюми Қаробоғ умедвор буд, ки нокомиҳои низомӣ дар фронт ба суқути ҳукумати Арманистон бо раҳбарии нахуствазири номатлуб боис мегардад, аз ин рӯ мавқеи интизориро интихоб кард.

Танҳо касе интизор набуд, ки шикасти Қувваҳои мусаллаҳи Арманистон ин қадар зуд ва марговар хоҳад шуд; аз ин рӯ, вақте ки Маскав ниҳоят тасмим гирифт, ки дахолат кунад, аллакай дер шуда буд - Арманистон ҷангро аллакай комилан бохт ва ҳамзамон обрӯи Русияро ҳамчун иттифоқчии боэътимод ва инчунин миёнарави муассир ва беғараз гӯр кард.

Ҳоло вазъ аз он сабаб бадтар шудааст, ки дар пасманзари рӯҳияи пас аз пирӯзӣ Боку дар бораи бунёди долон тавассути ҷануби Арманистон ба анклави охуд - Ҷумҳурии Мухтори Нахичевон ва минбаъд ба Туркия ҳарф мезанад.

Ҳоло барои Арманистон масъала дигар на дар бораи ҳифзи мухторияти Қаробоғ (ки, ба эҳтимоли зиёд, дигар бе армантабориҳо мемонад), балки дар бораи ояндаи давлатдорӣ ва тамомияти арзии он ифода меёбад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳама, натиҷаи дигари ошкори ҳалли зӯроваронаи муноқишаи Қаробоғ -  тағйири вазъи геополитикӣ дар минтақаи назди Қафқоз аст ва на ба нафъи Маскав.

Ҳамин тариқ, Озарбойҷон аллакай бештар ба Туркия таваҷҷӯҳ мекунад, ки кумакаш яке аз омилҳои ҳалкунандаи пирӯзӣ дар низоъ гардид.

Бино ба назарпурсиҳо, ахиран дар Гурҷистон ва Арманистон рӯҳияи зидди Русия афзоиш ёфта, оянда ба ин ё он шакл ба сиёсати хориҷии ин кишварҳо таъсир хоҳад гузошт.

Ба ин тартиб, тибқи назарсанҷиҳои моҳи май, 69%-и пурсидашудагон дар Гурҷистон ҷонибдори ҳамгироии евроатлантикӣ буда, аммо ҳамагӣ 7% ҷонибдори ҳамгироӣ бо Русия ҳастанд.

Бар асоси назарсанҷиҳо дар Арманистон, тақрибан нисфи пурсидашудагон равобит бо Русияро “бад” арзёбӣ кардаанд; барои муқоиса, дар соли 2019 беш аз 9 нафар аз 10 нафар равобити ду кишварро мусбат арзёбӣ карда буданд.

Коллаж
Ria56.ru

Ҳамин тариқ, суқути Қаробоғ ба обрӯи Русия зарбаи сахт зад ва ба сатҳи эътимод ба кафолатҳои амниятии Русия ҳам дар Арманистон ва ҳам дар дигар кишварҳои пасошӯравӣ таъсир расонд.

Сухан сари шубҳа ба қудрати силоҳи Русия ё самаранокии фишангҳои Русия нест; аммо дар пасманзари ҳаводиси Қаробоғ бисёре аз иттифоқчиёни Русия, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ комилан ба таври табиӣ метавонанд саволгузорӣ намоянд, ки Русия дар баробари ҳама гуна чолишҳои ҷиддии нав то куҷо на ба тафсири «манфиатҳои геополитикӣ аз ҷониби худ, балки уҳдадориҳои иттифоқчии худ содиқ хоҳад буд?

Дар ҳамин ҳол, тибқи гузориши нашрияи EurAsia Daily, дар бахши қазоқии шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъе паҳн мешавад, ки гӯё сарвазири Арманистон Никол Пашинян “бо ҳамкасбони қазоқ дар мавриди дар як вақт хориҷ шудан аз СААД машваратҳо анҷом медиҳад”.

Ба навиштаи нашрия, ин хабарҳоро намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон расман рад карда, изҳор доштааст, ки маълумоти паҳншуда дар бораи нияти хуруҷи Қазоқистон аз Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) асоси воқеӣ надорад.

Мақомоти Русия ва Думаи давлатӣ: баҳсҳо дар бораи муҳоҷирон

Ба иттилои «Независимая газета» ҳафтаи гузашта мақомоти Русия аз ташаббусҳо ва пешниҳодҳои чанде аз ҷиноҳи Дума дар робита ба муҳоҷирони корӣ интиқод карданд.

Вакилони фраксияи Ҳизби либералӣ-демократӣ (ЛДПР) пешниҳод карданд, ки муҳоҷирони корие, ки дар беэътимодӣ гумонбар мешаванд, ба таври оммавӣ хориҷ шаванд. Ҳамзамон онҳо ба маълумоти мақомоти амниятии Русия, аз ҷумла раиси Кумитаи тафтишот Бастрикин истинод карданд, ки борҳо дар бораи “ҷинояткорӣ”-и аз ҳад зиёди муҳоҷирон изҳорот додааст.

Дар бораи афзоиши ҷиноятҳо аз ҷониби хориҷиён раиси Кумитаи тафтишот дар ҷаласаи махсуси ин раёсат хабар дод. Ҳамзамон, тавре нашрия менависад, ӯ изҳор дошт, ки "вокуниши қонунии ҳуқуқӣ ба қонуншиканӣ аз ҷониби меҳмонон дар як қатор минтақаҳо комилан кофӣ нест".

Зоҳиран, ташаббусҳои зидди муҳоҷирони Ҳизби либералӣ-демократӣ то андозае вокуниш ба изҳороти раиси Кумитаи тафтишот ва як идда мақомоти дигари қудратӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, мавқеи манфии ҳукумат оид ба чунин ташаббусҳо комилан фаҳмо аст: айни замон бозори меҳнати Русия шадидан ба қувваи корӣ ниёз дорад ва аз ин рӯ, бе вуруди иловагии захираҳои меҳнатӣ аз хориҷа амал карда наметавонад.

Ҳамин тариқ, тавре ВВС хабар медиҳад, як назарсанҷӣ миёни соҳибкорон нишон додааст, ки дар сеяки корхонаҳои саноатӣ (35%), махсусан дар саноати сабук, коргарон намерасанд.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ, тибқи иттилои РБК, Вазорати сохтмони Русия аз нарасидани тақрибан 200 ҳазор нафар дар соҳаи сохтмон ва 90 ҳазор нафар дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ хабар дод.

Дар чунин шароит пешниҳодҳои миллатгароён дар мавриди оғози ихроҷи дастаҷамъии муҳоҷирон дар миёни ба истилоҳ “касбиён”, яъне кормандону мутахассисони сохторҳои расмии Русия ва корхонаву ташкилотҳои соҳавӣ, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар масъуланд, дастгирӣ намеёбанд.

Дар ҳамин ҳол, худи ҳузур ва афзоиши шумори ташаббус ва изҳоротҳои зидди муҳоҷирон дар Думаи давлатӣ ва расонаҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шароити муҳоҷирати корӣ дар Русия хеле нороҳат боқӣ мемонад.

Қазоқистон ва Қирғизистон: “ҷанги тиҷоратӣ” ва мушкилоти соҳаи об

Ба навиштаи “Независимая газета”, ҳафтаҳои ахир бо сабаби ихтилофоти зиёд дар масоили тиҷоративу иқтисодӣ равобити Бишкек ва Остона печида шудааст.

Нахуст бо сабаби тақсими захираҳои об дар минтақаи сарҳадӣ мушкилот ба миён омад: тавре ки «Известия» менависад, моҳи августи соли равон Бишкек интиқоли об барои обёриро ба кишвари ҳамсоя қатъ кард, зеро ба ақидаи ҷониби Қирғизистон, Қазоқистон квотаашро тамом карда, дар худи Қирғизистон хушксолӣ авҷ гирифтааст.

Дар посух Остона тамоми гузаргоҳҳои марзиро баст ва дар марзи ду кишвар танбашавиҳои зиёд ба вуҷуд омаданд.

Ба навиштаи “Независимая газета”, музокироти миёни Қосим-Жомарт Тоқаев ва Садир Жапаров, ки дар ҳошияи нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баргузор шуд, чандон муваффақ набуд ва масъалаи об ҳамин тавр ҳалношуда боқӣ монд.

Коршиносони нашрия хабар доданд, ки «Қазоқистон исрор дорад, ки нерӯгоҳҳои барқи обии Қирғизистон дар реҷаи обёрӣ кор кунанд - зимистон обро ҷамъ карда, тобистон онро партоб кунанд. Дар ин сурат Қирғизистон аз имкони тавлиди пурраи неруи барқ ​​дар фасли зимистон, ки махсусан зарур аст, маҳрум мешавад ва маҷбур мешавад, ки онро аз қазоқҳо бихарад. Ба Бишкек аслан ин вариант начандон қобили қабул аст".
Сурат аз торнамои agrarii.com

Имрӯз, менависад "Независимая газета” миёни кишварҳо дар мавриди интиқоли ғалла низ ихтилофот ба вуҷуд омадааст. Бишкек дар ҳоли ҳозир харидории ғалларо аз таъминкунандагони Русия, ки онро арзонтар мефурӯшанд, афзал медонад.

Ҳамзамон, Остона қасд дорад бозори Қирғизистонро дубора ба даст орад ва аз ин рӯ, интиқоли ғаллаи Русияро тавассути қаламраваш манъ кард. Дар натиҷа, тавре нашрия менависад, Қирғизистон базудӣ метавонад бо камбуди орд ва болоравии нархи он рӯбарӯ шавад. Ҳукумати Қирғизистон тайёр аст, ки аз захираи давлатии ғалла истифода барад, то истеҳсолкунандагони орд ба қадри кофӣ ашьёи хом дошта бошанд.

Ихтилофоти миёни ду кишвар, ки бархе аз рӯзноманигорон онро ҳатто “ҷанги тиҷоратӣ” унвон карданд, пеш аз ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ то ҳол бо мушкилот ва монеаҳои ҷиддию объективӣ дучор аст.

Воқеан, Қазоқистон ва Қирғизистон натанҳо ҳамсояҳои наздик, балки шарикони як қатор иттиҳодҳои иқтисодӣ ва геополитикӣ, аз қабили Иттиҳоди Авруосиё мебошанд, ки дар доираи он ҳадди ақалл даст кашидан аз пардохти боҷи транзитӣ ва транзити озоди маҳсулот пешбинӣ шудааст.

Бо вуҷуди ин, кишварҳои шарик дар як қатор масъалаҳо ва мушкилоте, ки барои иқтисоди ҳарду кишвар яксон муҳиманд, ба мувофиқа расида наметавонанд.

Мутаносибан, мо аз ин ба чунин хулоса расида метавонем, ки ҳамгироии воқеӣ дар доираи минтақа дар асл кӯшишу вақти бештареро талаб мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.