Масъулини вазорати умури дохилаи Афғонистон, ки ҳоло зери идораи гурӯҳи Толибон* аст, дар гузориши солонаи худ бори дигар таъкид карданд, ки аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа хатаре таҳдид намекунад. Онҳо гуфтанд, ДИИШ дар Афғонистон маҳв шуда ва фаъолияти ин гурӯҳ ба сифр расидааст. Мизони ҷурмҳои ҷиноӣ низ дар кишвар 30% коҳиш ёфтааст. Истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир низ назорат карда мешавад.
Дар ин бора хабаргузории tolonews иттилоъ додааст.
Масъулини вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтанд, Афғонистон барои нахустин бор дар 40 соли охир ба амнияти умумимиллӣ даст ёфт ва тамоми фаъолияти вазорат тибқи нақшаи стратегии ҳамаҷониба роҳандозӣ мешавад. Вазорат ҳимояти муваффақонаи тарҳҳои иқтисодӣ ва рушд, мусоидат ба сармоягузорӣ, арзёбӣ ва сабти номи марзҳои кишвар, беҳбуди хадамоти давлатӣ ва пешбурди рушди мутавозинро аз дастовардҳои калидии худ унвон кард.
Таъкид гардид, ки фармонҳои раҳбари Афғонистон дар баробари ҳукмҳои додгоҳӣ ва дастурҳои раҳбарияти вазорат барои таъмини амнияти миллӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ зуд ва муассир иҷро мешаванд.
Абдулматин Ғанӣ, сухангӯйи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтааст, дар як соли ахир дараҷаи ҷинояткорӣ дар кишвар 30% коҳиш ёфтааст. Ӯ афзудааст, Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя равобити хуб дорад.
Гуфта шуд, дар мувофиқа бо фармони раҳбари Афғонистон, вазорат барои аз байн бурдани кишт, истеҳсол, қочоқ ва истифодаи маводи мухаддир иқдомоти ҷиддӣ анҷом додааст. Дар натиҷа киштзорҳои кӯкнор дар саросари кишвар тахриб шуда, нашъамандон табобат гирифтанд ва афроде, ки ба тиҷорати маводи мухаддир даст доштанд, дар доираи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Аз ҷумла, 17 ҳазору 651 гектар замин аз кишти кӯкнор тоза карда шуда, 3643 тонна маводи мухаддир мусодира ва 790 иншооти истеҳсол ва коркарди маводи мухаддир, инчунин иншооти истеҳсоли машрубот ва доруҳои масткунанда аз байн бурда шуданд. Дар умум 10 ҳазору 564 гумонбар боздошт шуда, 27 ҳазору 891 нафар нашъамандон ба марказҳои табобатӣ фиристода шудаанд, менависад ariananews.
Ҳамчунин аз фурудгоҳҳо ва бандарҳои заминӣ 344 кило маводи мухаддир ва беш аз як кило тилло дарёфт шуда, дар иртибот бо ин парвандаҳо 591 нафар боздошт шудаанд.
Вазорат ҳамчунин гуфт, дар як соли ахир дар кишвар 38 мавриди одамрабоӣ сабт шуда, нерӯҳои амниятӣ дар маҷмӯъ 250 амалиёт алайҳи одамрабоён анҷом додаанд, ки дар натиҷа 76 нафари онҳо боздошт ва 34 нафари дигар дар даргириҳо бо нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд.
Муҳаммад Набӣ Умарӣ, муовини аввали вазорати умури дохила дар ин нишаст гуфтааст: "Ба шарофати амнияти комил низоми исломӣ дар саросари кишвар ҳукмронӣ мекунад. Ҳеҷ кас наметавонад дар ягон гӯшаи кишвар ноамнӣ эҷод кунад."
Масъулин гуфтанд, ба далели фидокориҳои беандозаи пулиси миллӣ дар саросари кишвар ҳамоишҳои бузурги мазҳабӣ, миллӣ бидуни ягон хатар баргузор шуда, шаҳрвандон имкони дар чорабиниҳо бо итминон ва оромӣ ширкат кардан доранд.
Ин ҳама тавсифи фаъолияти худ аз сӯйи Толибон дар ҳолест, ки Афғонистон пас аз сари қудрат омадани ин гурӯҳ ба яке аз кишварҳои пӯшида табдил ёфтаву санҷиши даъвоҳои Толибон ба таври мустақил ғайриимкон аст.
Ин гурӯҳ ба намояндагони созмонҳои хориҷӣ дар умури ҳуқуқи инсон ва озодии сухан иҷоза намедиҳад, ки вориди Афғонистон шаванд ва ҷомеаро аз вазъи воқеӣ огоҳ созанд.
Аз ҷумла, ин гурӯҳ чанде пештар вуруди Ричард Беннет, гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи башарро ба Афғонистон иҷозат надод. Зеро ӯ баъди боздиди пешини худ зиндагии занонро дар Афғонистон ба зиндон шабоҳат дод ва рафтори Толибонро ба “ҷиноят алайҳи башарият” баробар дониста буд.
Ҳамчунин, тибқи маълумоти Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон тақрибан 3,1 тонна маводи мухаддири дар Афғонистон истеҳсолшуда мусодира шудааст, ки ин 619 кг (25%) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
Муттахассисон ва мақомоти бисёр кишварҳои минтақа низ мунтазам аз хатарҳои фаъолияти “ДИИШ-Хуросон” (“Вилояти Хуросон”) ва дигар созмонҳои террористӣ дар Афғонистон ҳушдор медиҳанд. Чанде пештар раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ, зимни суханронӣ дар иҷлосияи Ассамблеяи парлумонии СААД дар Алмато, зикр кард, ки “Афғонистон боз ба манбаи терроризм табдил ёфтааст ва дар ҳудуди он даҳҳо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро мавқеи худро мустаҳкам мекунанд”.
Ин нуктаро дигар коршиносони байналмилаливу минтақавӣ ва созмонҳои гуногун таъкид мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки дар моҳи августи соли 2021 Толибон* қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд ва аз он вақт инҷониб талош доранд, ки ба расмият шинохта шаванд. Аммо то ҳол ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
ТОП-5 маҳсулоте, ки рушди бахши кишоварзии Тоҷикистонро дар соли 2024 таъмин карданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 январи соли 2025
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста