Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 7 июн ба нашр расид, дар муқоиса бо моҳи гузашта мақоми мунтахаби футболи Тоҷикистон 1 зина боло рафта, акнун бо 264 имтиёз мавқеи 119-умро ишғол мекунад.
Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 22-юм қарор дорад. Дар қораи Осиё зинаи аввалро бо 718 имтиёз Австралия (мавқеи 36-ум дар ҷаҳон), зинаи дуюмро бо 708 имтиёз - Эрон (ҷойи 37-ум дар ҷаҳон) ва мавқеи сеюмро - бо 544 имтиёз Кореияи Ҷанубӣ (зинаи 57-ум дар ҷаҳон) ишғол мекунанд.
Се мавқеи аввали рейтингро Олмон (1558 имтиёз), Бразилия (1431 имтиёз) ва Белгия (1298 имтиёз) касб кардаанд.
Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад.
Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.