Қувваозмоӣ дар вазни сабуктарин байни размикори тоҷик Муин Ғафуров (18-6) ва намояндаи Корея Кюн Хо Канг (19-10) рӯзи 22 июн дар мусобиқаи UFC Saudi Arabia баргузор мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти промоушен хабар медиҳад.
Ғафурови 27-сола бори охир дар доираи мусобиқаи UFC 294 бо намояндаи Русия Саид Нурмагомедов рақобат карда, дар раунди аввал мағлуб шуда буд. Ҳамагӣ ӯ 18 ғалаба ва 6 бохт дорад.
Канги 36-сола моҳи ноябри соли 2023 дар мусобиқаи UFC 295 бо қарори якдилонаи ҳакамон аз Ҷон Кастанеде шикаст хӯрд. Ӯ ҳамагӣ 19 ғалабаву 10 бохт дошта, як рақобаташро баргузорнашуда эътироф карданд.
Ҷолиб аст, ки моҳи июни соли 2023 дар рақобати аввали худ дар UFC дар мусобиқаи Vegas 74 Муин Ғафуров низ бо қарори якдилонаи ҳакамон аз Ҷон Кастанеде шикаст хӯрда буд.
Ёдрас мекунем, ки дар мавсими гузашта Муин сеюмин размикори тоҷик аз Тоҷикистон шуд, ки дар UFC бори аввал рақобат кард. Ҳанӯз соли 2021 Ғафуров талош карда буд, ки тариқи Силсилаи довталабии Дана Уайт ба UFC роҳ ёбад, лекин қувваозмоиро бо қарори ҷудогонаи доварон бохт.
“Муин Ғафуров кайҳо боз кӯшиш мекард, ки ба ин лига роҳ ёбад, хеле тӯлонӣ ва устуворона ба UFC роҳ мепаймуд, аммо ҳамеша чизе намерасид. Ӯ ҳамеша ба рақобат дар ин лига омода буд. "Тоҷик" размикори олист, ҳатто дар мусобиқаи интихобии Дана Уайт рақобат мекард, аммо дар он ҷо мағлуб шуд. Сипас ба мушоҳидаи UFC афтод. Ӯро мушоҳидаву рақобатҳояшро таҳлил мекарданд. Ба камарбанди LFA соҳиб шуд, ки онро метавон академияи UFC номид.
Аз ин рӯ, боварии комил буд, ки Муинро даъват мекунанд. Худи Ғафуров бошад, дар ИМА машқ мекард ва интизор буд, ки ӯро даъват кунанд. Вақт лозим буд", - гуфт дар суҳбат ба “Азия-Плюс” коршиноси тоҷик дар ММА Далер Латипов.
Илова мекунем, ки соли 2022 пас аз мағлубият дар мусобиқаи Дана Уайт Ғафуров бо ду ғалаба тариқи нокаут дар промоушени амрикоии LFA имконоти худро хеле хуб нишон дод.
То рақобатҳо дар Амрико Муин дар мусобиқаҳои ONE, Alash Pride ва ACB, инчунин қувваозмоиҳо дар TFC иштирок кардааст.
Агар дар АСВ танҳо 1 қувваозмоӣ гузаронда бошад, пас дар ONE - 6 бор рақобат кардааст.
Ҳарифи нисбатан пурқувваташ Ҷон Линекер буд, ки қувваозмоӣ бо ӯ хеле пуршиддат сурат гирифт, лекин ҳамаи 3 нафар ҳакамон ғолибиятро ба амрикоӣ сазовор донистанд.