Натиҷаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки дирӯз, 2-юми март баргузор шуд, эълон гардид. Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз, 3-юми март, дар Душанбе, дар ҳузури аъзои ҳизбҳои сиёсӣ, даъвогарони курсиҳои порлумонӣ, нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорон натиҷаи интихоботро эълон кард.
Бахтиёр Худоёрзода бар пояи натиҷаҳои пешакии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро баранда ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистонро аз курсии парлумон маҳрум эълон кард.
Пирӯзии ҲХДТ ва шикасти ҲКТ
Раиси КМИР зикр кард, ки дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории ҳизбҳо ба тариқи зайл овоз доданд:
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 12 курсӣ (2 миллиону 435 ҳазору 541 нафар - 51,9 дарсад);
Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 5 курсӣ, (986 ҳазору 887 нафар - 21 дарсад)
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 3 курсӣ (595 ҳазору 281 нафар - 12,7 дарсад);
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 1 курсӣ (248 ҳазору 64 нафар - 5,3 дарсад);
Ҳизби демократии Тоҷикистон – 1 курсӣ (237 ҳазору 563 нафар - 5,1 дарсад);
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон – 0 курсӣ (89 ҳазору 738 нафар - 1,9 фоиз);
Ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ 50 ҳазору 895 нафар ё 1,1 фоиз овоз додаанд.
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бидуни курсӣ дар парлумон монд.
Дар асоси рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар КМИР пешниҳод ва тасдиқ гардида буд, мо муайян кардем, ки кӣ вориди порлумони нав мешавад:
Вакилони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон:
1. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси пешини Додгоҳи олӣ
2. Матробиён Саодатшо Қосимзода,
вакили даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон3. Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ
4. Ғанизода Шӯҳрат Абдулмаҷид, сардори Раёсати ҳуқуқи ДИП ҶТ
5. Исҳоқӣ Ҳусния Давлаталӣ, муовини раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ
6. Идиев Аҳмад Маҳмудович, муовини директори генералии Ширкати “Транс Таджик Газ”
7. Имомова Нилуфар Маҳмаисуфовна, муовини ректор оид ба тарбия дар ДМТ
8. Набизода Тоҳир Толиб, профессори Академияи идоракунии давлатӣ
9. Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур
10. Ҷалолзода Миршакар Саид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Бӯстон
11. Бобоиён Мадина Абдуяқинзода, муовини раиси шаҳри Исфара
12. Муродуллозода Дилноза Муродулло, раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Хусрав
Вакилони Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон
Дар рӯйхати тасдиқшудаи номзадҳои ҳизби мазкур номи раиси он дар садри феҳрист қарор дошт, вале Ғиёсиддин Ашӯрзода аз ҳавзаи якмандатии Шаҳринав ғолиб омада, вориди порлумон шуд. Аз ин рӯ, ба ҷои Ашӯрзода аз рӯйхати ҳизбӣ нафари баъдӣ соҳиби мандат мешавад.
1. Сарвиноз Маҷидзода, вакили даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон
2. Рустам Раҳматзода, вакили даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон
3. Зафар Ализода, вакили вакили даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон
Вакилони Ҳизби аграрии Тоҷикистон:
1. Рустам Латифзода, вакили даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон
2. Фазлиддин Икромӣ, вакили даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон
3. Бахтиёр Аҳмадзода, даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон
4. Неъматулло Холбойзода, даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон
5. Нуралӣ Ниязов, директори генералии ҶСП «ТаадЭс»
Вакилони Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон:
1. Ғулом Ҳалимзода, раиси ҲСТ
Вакилони Ҳизби демократи Тоҷикистон:
1. Шаҳбози Аброр, раиси ҲДТ;

Пирӯзӣ дар ҳарду ҷабҳа
Бахтиёр Худоёрзода натиҷаи пешакии овоздиҳӣ дар 41 ҳавзаи якмандатиро ҳам эъллон кард. Ҳарчанд ӯ мансубияти ҳизбии номзадҳои ғолибро нагуфт, аммо “Азия-Плюс” маълумоти нашркардаи ҳизбҳои сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро таҳлил карда, маълум кард, ки дар 37 ҳавза номзади ҲХДТ, дар 2 ҳавза номзади ҲИИТ ва дар 2 ҳавза номзади ҲАТ баранда шудаанд.
Номи онҳо чунин аст:
Сиёвуш Наботзода - вакил и ноҳияи Фирдавсӣ №1 аз ҲХДТ;
Нигина Шарифова - вакили ноҳияи Исмоили Сомонӣ №2 аз ҲХДТ;
Амирзода Ориф - вакили ноҳияи Шоҳмансур №3 аз ҲХДТ;
Рустам Шоҳмурод - вакили ноҳияи Сино №4 аз ҲХДТ;
Ғафурҷон Собирзода - вакили шаҳри Турсунзода №5 аз ҲХДТ;
Ғиёсиддин Ашӯрзода - вакили шаҳри Шаҳринав №6 аз ҲИИТ (раиси ҳизб);
Сурайё Дӯстмуродзода - вакили шаҳри Ҳисор №7 аз ҲХДТ;
Илҳом Камолзода - вакили ноҳияи Исмоили Сомонӣ №8 аз ҲХДТ;
Муҳаммадулло Шерализода - вакили ноҳияи Рӯдакӣ №9 аз ҲХДТ;
Хоҷазода Фарзона - вакили шаҳри Ваҳдат №10 аз ҲХДТ;
Асадулло Наҷмидиниён - вакили ноҳияи Файзодод №11 аз ҲХДТ;
Файзалӣ Идизода - вакили ноҳияи Рашт №12 аз ҲХДТ;
Мавсума Муинӣ - вакили шаҳри Хуҷанд №13 аз ҲХДТ;
Дилафрӯз Саидӣ - вакили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров №14 аз ҲХДТ;
Ҳакимзода Ҳомидҷон Кенҷа - вакили ҷамоати Ӯрунхӯҷаев №15 аз ҲАТ;
Каримзода Фарҳод - вакили ноҳияи Ҷаббор Расулов №16 аз ҲХДТ;
Баҳриддин Зиёӣ - вакили ноҳияи Ашт № 17 аз ҲХДТ;
Ғайрат Азиззода - вакили ноҳияи Мастчоҳ №18 аз ҲХДТ;
Насрулло Маҳмудзода - вакили ноҳияи Конибодом №19 аз ҲХДТ;
Муҷибахон Ҷавҳарӣ - вакили шаҳри Исфара №20 аз ҲХДТ;
Парвиз Шодизода - вакили шаҳри Панҷакент №21 аз ҲХДТ;
Қиёмиддин Давлатзода - вакили ноҳияи Айнӣ №22 аз ҲХДТ;
Шӯҳрат Аҳрорзода - вакили шаҳри Истаравшан №23 аз ҲХДТ;
Шаҳбоз Шоҳсаидзода - вакили ноҳияи Деваштич №24 аз ҲХДТ;
Бахтиёр Аҳмадзода - вакили ноҳияи Спитамен №25 аз ҲАТ;
Ализода Зафар - вакили ноҳияи Бохтар №26 аз ҲИИТ;
Шодиён Муҳаммад - вакили ноҳияи Кӯшониён №27 аз ҲХДТ;
Бибиосия Аюбӣ - вакили ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ №28 аз ҲХДТ;
Насрулло Ҳасанзода - вакили ноҳияи Ёвон №29 аз ҲХДТ;
Ғоибназарзода Саид - вакили ноҳияи Балхӣ №30 аз ҲХДТ;
Зарафо Қиёмзода - вакили ноҳияи Қубодиён №31 аз ҲХДТ;
Мунаввар Абдусаломзода - вакили ноҳияи Вахш №32 аз ҲХДТ;
Неъматулло Иброҳимзода - вакили ноҳияи Ҷайҳун №33 аз ҲХДТ;
Азизбек Хайриддинзода - вакили ноҳияи Фархор №34 аз ҲХДТ;
Фирдавс Саидзода - вакили ноҳияи Ҳамадонӣ №35 аз ҲХДТ;
Маҳмадшоҳ Гулзода - вакили ноҳияи Данғара №36 аз ҲХДТ;
Шариф Ҳакимзода - вакили шаҳри Кӯлоб №37 аз ҲХДТ;
Барно Саидвализода - вакили ноҳияи Муъминобод №38 аз ҲХДТ;
Комилҷон Шамшерзода - вакили ноҳияи Восеъ №39 аз ҲХДТ;
Ҳаким Давлатзода - вакили ноҳияи Ванҷ №40 аз ҲХДТ;
Гиёзода Азиз - вакили ноҳияи Хоруғ №41 аз ҲХДТ.

Бардошти натиҷаҳо
Дар умум, ба гуфтаи Бахтиёр Худоёрзода, дар интихоботи порлумонӣ 85,3 дарсад аҳолии қобили райъи Тоҷикистон ширкат карда, овоз додаанд.
ҲХДТ дар ҷамъ аз 63 курсии парлумон 49 кирсиро соҳиб шуд, ки ин ду курсӣ бештар нисбат ба парлумони даъвати шашум аст.
ҲАТ 7 курсии парлумонро гирифт ва ин такрори натиҷаи панҷ соли пеш аст.
ҲИИТ бо 5 курсӣ дар парлумон, натиҷаи панҷ соли пешро такрор намуд.
ҲДТ ва ҲСТ ҳам мисли 5 соли пеш яктогӣ курсии парлумонро соҳиб шуданд.
ҲКТ тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ ҳам натавонист номзадеро вориди парлумон кунад. Ва ин бори аввал аст, ки ҲКТ дар парлумони Тоҷикистон бидуни вакил мемонад.
Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ иштирок накард ва сабаби иштирок накарданашро ҳам шарҳ надод. Ин ҳизб ҳарчанд солҳои пеш дар интихобот иштирок мекард, аммо ҳеҷ гоҳ соҳиби мандат нашудааст.