Кумитаи андози Тоҷикистон корхонаи фаръии «ВимпелКом» - «Таком»-ро, ки дар Тоҷикистон зери тамғаи «Beeline Тоҷикистон» фаъолият дорад, ба пардохти маблағи андоз дар ҳаҷми 354 млн. сомонӣ (45 млн. доллар) уҳдадор кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» корманди масъули бахши робита бо ҷомеаи ширкат Мария Веторази хабар дод.
«Соли 2016 мақомоти андози Тоҷикистон моро ба пардохти 45 млн. доллар маблағи андоз уҳдадор карда, дар натиҷа бо назардошти андозу боҷҳо, тамоми пардохти молиявии ширкат дар соли 2016 ҳудуди 73 млн. долларро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки даромади умумии ширкат дар соли гузашта ба 68 млн. доллар баробар шуд», - қайд кард номбурда.
Дар идома М.Веторази зикр кард, ки аз ин бармеояд, ки ширкат ба пурра аз муомилот гирифтани маблағҳо ва зиёни назарраси соф дучор шуда, барои сармоягузорӣ бидуни захира монд.
«Мо ба ин даъвои мақомоти андоз розӣ нашуда, онҳоро бо тартиботи судӣ мавриди баҳс қарор медиҳем, - қайд кард ӯ. - Ширкати мо ҷиҳати ҳаллу фасл ва ба эътидол овардани вазъ манфиатдор аст, зеро ин ба сармоягузориҳои мо таъсири манфӣ мерасонад».
Ӯ ҳамчунин хотиррасон намуд, ки гурӯҳи «ВимпелКом» яке аз сармоягузорони бузурги Тоҷикистон буда, аз соли 2005 ба иқтисоди Тоҷикистон ширкат қариб дар ҳаҷми 300 млн. доллар сармоягузорӣ ва аз ҳисоби андозу боҷҳо беш аз 280 млн. доллар маблағ пардохт кардааст.
Қобили зикр аст, ки зимни нишасти хабарии рӯзи 20 январ раиси Кумтаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода дар мавриди ин масъала изҳор намуда буд, ки дар ширкати «Таком» (зери тамғаи «Билайн») ба маблаги 151,3 млн. сомонӣ рӯйпӯш кардани андозҳо ошкор шуда, ҷиҳати ҳаллу фасли ин масъала ба нафъи худ, ширкат тамоми зинаҳои судиро паси сар кард, вале ҳама қарорҳо ба нафъи буҷет содир шуданд.
Раиси Кумита ҳамчунин зикр карда буд, ки ширкати Beeline аллакай 80%-и қарз аз андоз ва ҷаримаҳоро пардохта, бо раҳбарияти он доир ба давра ба давра пардохт шудани маблағи боқимонда то моҳи март ба созиш расидаанд.