Ширкати Gazprom International (корхонаи фаръии Газпром дар хориҷи кишвар) ду иҷозатномаи ахираш барои ҷустуҷӯи нафту газ дар Тоҷикистонро супурд.

«Дар «Шаҳринав» захираҳои саноатии нафту газ ба даст оварда нашуда, дар натиҷа Комиссияи марказии истифодаи боигариҳои зеризаминӣ ва идоракунии ҳаракати иҷозатномаҳои «Газпром» дар ниҳояти кор тасмим гирифт, ки иҷозатнома барои «Сариқамиш»-ро супорад», - қайд мешавад дар сомонаи Gazprom International.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки «бинобар сабаби шароитҳои ниҳоят душвори кӯҳиву геологӣ» иҷозатнома ба қитъаи Шоҳамбарии Ғарбӣ низ супорида мешавад.

Таъкид мешавад, ки айни замон масъалаи имкони гирифтани иҷозатнома ба қитъаҳои ояндадори нафту газ дар қисмати ҷанубу ғарбӣ ва шимоли Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

«Дар аксари қитъаҳои ояндадори мавриди баррасӣ қарордошта замони шӯравӣ захираҳои саноатии нафту газ кашф ва баҳогузорӣ шуда, дар сурати қабули қарор дар бораи азхудкунии онҳо, Gazprom International ҳамаи корҳои техникӣ  ва дигар чорабиниҳои марбут ба дубора баргузории корҳои иктишофӣ ва геологиро анҷом медиҳад, - зикр мегардад дар маълумот. - Дар сурати ифтитоҳу оғози азхудкунии конҳо, таъсиси корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия ё имзои Созишнома дар бораи тақсимоти маҳсулот пешбинӣ шудааст».

Ёдрас мекунем, ки соли 2006 «Газпром» барои омӯзиши геологиии майдони ояндадори Саргазон (70 километрии ҷанубу шарқи Душанбе) ва Ренгон (20 километрии ҷануб) иҷозатномаҳо гирифта, вале барои гузаштан ба марҳилаи фаъоли корҳо дар минтақа, танҳо соли 2008 баъди дастрасии боз ду иҷозатномаи корҳои кашфу геологӣ дар майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ корҳоро оғоз намуд.  

Қаблан иттилоъ дода будем, ки ширкати русиягии «Газпром» ду иҷозатномаи боқимондааш барои корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон - дар қитъаҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбиро месупорад.

Аммо баъдтар роҳбари намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон Игор Шаталов изҳор карда буд, ки Супурдани ду иҷозатнома (дар майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) маънои онро надорад, ки ширкат ба фаъолияти худ дар Тоҷикистон комилан хотима мебахшад. "Мо дигар шаклҳои фаъолият дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунем", - изҳор дошта буд ба «Азия-Плюс»  Игор Шаталов.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Мебояд гуфт, айни замон дар Тоҷикистон корхонаи дигари фаръии «Газпром» - ҶДММ «Газпромнефт - Тоҷикистон»  низ фаъолият дорад, ки ба таҳвил ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ дар ҷумҳурӣ машғул аст.

Дар ҳамин ҳол, Мурод Хол, сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 9 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард,а аммо гуфтааст, ширкати “Газпром” то ҳол далели қатъи корашро шарҳ надодааст.