Вазорати нақлиёти Тоҷикистон алҳол аз манъи парвози ҳавопаймоҳои ду ширкати русиягӣ аз Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд аз 6 апрел, ки қаблан эълон карда буд, худдорӣ варзида, идораҳои нақлиёти ҳарду кишвар тавофуқ ҳосил кардаанд, ки лаҳзаҳои баҳснокро сари мизи гуфтушунид ҳал кунанд.

«Манъи имрӯз пешбинишуда амалӣ нашуд, зеро ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки баҳсро дар гуфтушунидҳо ҳал мекунанд», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.

Пагоҳ, 7 апрел ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода ҷиҳати гуфтушунид ба Маскав меравад. Қаблан зикр гардида буд, ки ин ҳайат имрӯз ба пойтахти Русия раҳсипор мегардад.

Рӯзи чоршанбе вазири нақлиёти Русия Максим Соколов дар ин робита ба журналистон изҳор намудааст, ки Вазорат мақомоти авиатсионии Тоҷикистонро ҷиҳати баргузор намудани гуфтушунид даъват кардааст.

«Мо даъватнома фиристодем ва ҳамеша ба гуфтушунид омодаем, - иброз доштааст Соколов. - Суханони имрӯз гуфтаи манро ҳамчун даъвати кушод қабул карда метавонед, вале таъкид месозам, ки мо аз манфиатҳои соҳаи худ ҳимоя карда, тадбирҳои дахлдор хоҳем андешид».

Қаблан аз Вазорати нақлиёт хабар дода буданд, ки Тоҷикистон ба ҷониби Русия огоҳинома фиристодааст, ки дар он гуфта мешавад, агар Вазорати нақлиёти ин кишвар маҳдудиятҳои парвоз нисбати ширкати «Сомон Эйр»-ро бекор накунад, парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Уралские авиалинии» ва «UTair»-ро аз Маскав ба Душанбе аз 6 апрел манъ мекунад.

Зикр гардида буд, ки ба сифати посух 4 парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба Душанбе ва 3 парвози ширкати «ЮТэйр» ба Хуҷандро манъ мекунанд ва айни замон аз ҷониби Русия посухро интизоранд.