Ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шудааст, ки низоми андозбандии амалкунандаро таҳлил намуда, доир ба коҳиши сарбории андозҳо барои соҳибкорон ба ҳукумат пешниҳоду тавсияҳо таҳия кунанд, хабар дод зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе сардори Раёсати такмил ва қонунгузории Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ Завқибек Шодиён.
Бино ба гуфтаи ӯ, иҷрои ин дастур яке аз бандҳои нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ташаббуси раҳбарияти кишвар “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳбуди муҳити сармоягузорӣ” мебошад.
Шодиён зикр кард, ки дар ин санад роҳандозии дигар тадбирҳо баҳри беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ва фазои корӣ дар ҷумҳурӣ низ пешбинӣ шудааст.
Намояндагони доираҳои тиҷоратии кишвар мегӯянд, дар шароити мавҷудаи сарбории андоз, агар тиҷорат пурра қонунӣ бошад, ба шикаст дучор шудан имкон дорад.
“Аз ин рӯ, аксарият тиҷораташонро дар ин ҷо қатъ намуда, ба кишварҳои ҳамсоя мераванд, ки дар онҳо шароитҳои бештар мусоид фароҳам аст”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” як тоҷир, ки нахост ному насабаш ифшо гардад.
Бино ба гуфтаи ӯ, соҳибкороне, ки ба ҳар ҳол ба фаъолият дар ҷумҳурӣ идома медиҳанд, маҷбуранд, ки қисмати зиёди даромади худро пинҳон созанд, то ки дар чунин шароити сарбории зиёи андозбандӣ кор карда тавонанд.
Дар натиҷа, иброз дошт тоҷир, буҷети кишвар аз воридшавии маблағҳои муайян аз пардохти андозҳо маҳрум мешавад.
Зимнан илова шуд, ки сабук кардани сарбории андозҳо ба афзоиши босуръати шумори соҳибкорон ва мутаносибан зиёд шудани ҳаҷми даромад ба буҷет мусоидат мекунад.
Мувофиқи гузориши Paying Taxes-2019, вазни қиёсии андозбандӣ ва ҳақмузд аз даромадҳои ширкатҳо дар Тоҷикистон 67,3%-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаи миёна дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ (32,8%) беш аз ду баробар зиёдтар аст. Ин рейтинг ҳамасола аз ҷониби ширкати аудитории PricewaterhouseCoopers дар ҳамдастӣ бо Бонки ҷаҳонӣ таҳия мешавад.
Барои муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя: сарбории андоз дар Қирғизистон ба 29%, Қазоқистон – 29,4%, Ӯзбекистон – 32,1% ва Русия – 46,3% баробар аст.
Муаллифони гузориш сарбории андози зиёдтар аз Тоҷикистоноро танҳо дар 8 кишвари дигар зикр кардаанд: Ҷазираҳои Комор – 219,6%, Аргентина – 106%, Эритрея – 83,7%, Боливия – 83,7%, Гвинеяи Экваториалӣ – 79,4%, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ – 73,3%, Колумбия - 71,9% ва Афғонистон – 71,4%.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.