Эълони фурӯши саҳмияҳои ин бонки дучори мушкилот дар сомонаи Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” (корхонаи зертобеъи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ) нашр шудааст.
Дар маълумоти лоиҳаи сармоягузорӣ фурӯши 80%-и саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” ба маблағи 300 млн. доллар зикр шудааст.
Дар “Тоҷиксодиротбонк” дар шарҳи ин масъала ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки ин ҷо сари ҳиссаи ҳукумат сухан меравад, ки соли 2017 дар натиҷаи кумаки молиявӣ ба бонк ба маблағи 2 млрд. 250 млн. сомонӣ ба вуҷуд омада буд.
Бино ба маълумоти Бонки милии Тоҷикистон, айни замон 85,2%-и саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” ба Вазорати молия тааллуқ доранд.
Воситаҳои аз ҳукумат гирифтаро бонк уҳдадор шуда буд, ки дар муддати панҷ сол бармегардонад: то охири соли 2017 “Тоҷиксодиротбонк” бояд ба Вазорати молия 5%, соли ҷорӣ - 20% ва солҳои минбаъда - 25%-и ин маблағро бармегардонид.
Ҳамзамон “Тоҷиксодротбонк” мувофиқи созишҳо бо ҳукумат, мебоист сармоягузориҳои иловагиро ҷалб мекард, то ки воситаҳои ҳукуматро дар сармояи оинномавӣ иваз намояд. Лекин аз ҳамаи талошҳои раҳбарияти бонк дар мавриди ҷалби сармоягузорӣ то ҳол натиҷае ҳосил нашудааст.
Моҳи майи соли гузашта хабар дода шуда буд, ки бо ширкати Арабистони Саудӣ «Saudi Investment Group» мувофиқаи пешакӣ ҳосил шуда, ин ширкат ният драд, ки бастаи назорати саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” (то 51%-и саҳмияҳои бонк”)-ро харад.
Ғайр аз ин, доир ба гуфтушунидҳо бо сармоягузорони чиниву арабӣ ва ҳамчунин чанде аз ташкилотҳои хориҷӣ – бонкҳои русиягии ВТБ ва Сбербанк, “Казкоммерсбонк”-и Қазоқистон, сохторҳои тиҷоратии Гонконг, Словакия ва Малайзия дар ин хусус низ маълумот дод шуда буд, лекин то ҳол фурӯши саҳмияҳо муяссар намегардад.
Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ҳанӯз соли гузашта изҳор намуда буд, ки агар то охири сол вазъи молии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” рӯ ба беҳбудӣ наорад, эҳтимол иҷозатномаи онҳо бозхонд шавад.
Қобили зикр аст, ки яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон - «Тоҷиксодиротбонк» аз аввали соли 2016 ба вазъи душвори молиявӣ дучор шуд.
Ба санаи 1 январи соли 2016 ҳаҷми дороиҳои «Тоҷиксодиротбонк» 530 млн. доллар арзёбӣ мешуданд, ки ҳамон замон тақрибан 20% аз ҳаҷми умумии дороиҳои бонкҳои Тоҷикистонро ташкил медод. Аввали соли гузашта ҳукумти ҷумҳурӣ баҳри дастгирии молиявӣ ба «Тоҷиксодиротбонк» 2 млрд. 250 млн. сомонӣ ҷудо кард.
Рӯйхати дороиҳои «Тоҷиксодиротбонк» аз 52 иншоот, аз ҷумла бинои Сарбонк ва 43 бинои филиалҳои бонк дар кишвар, ҶСП «Душанбе Молл» (гипермаркет «Ашан»), меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар Душанбе, 8 блоки манзили нуҳошёна дар ноҳияи Данғара, корхонаҳои ресандагӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Фархор, корхонаҳои коркарди нахи пахта дар вилояти Хатлон ва ҳамчунин корхонаи таъмири автомобилҳо иборат аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.