Ҳафтаи гузашта ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки танҳо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби Ширкати «Барқи Тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк кунанд. Маҳдудият ҳоло расман ҷорӣ нашуда буд.

Ба ҳар ҳол, тасмим гирифтем, ки аз назари мутахассисон доир ба ин масъала воқиф шавем, ки то кадом андоза вазъ ҷиддисту зимистон моро чӣ интизор аст.

“Тирамоҳу зимистони соли 2019-2020 дар минтақаҳои ташаккулёбии маҷрои дарёҳои Вахш ва Панҷ боришоти барф бениҳоят кам буд ва 50 фоизи ҳаҷми солҳои гузаштаро ташкил кард. Чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад. Об дар маҷрои дарёи Панҷ нисбат ба солҳои гузашта 2 ҳазор метри мукааб, аз ҷумла дар дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст. Имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам аст”, - изҳори нигаронӣ кард ҳукумати Тоҷикистон.

Зикр шуда буд, ки имрӯз Тоҷикистон ҳатто маҷбур шудааст, ки пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда интиқоли нерӯи барқро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қатъ намояд.

“Агар чунин вазъият идома ёбад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин кардани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд”, - таъкид шуда буд дар муроҷиат.

Коршинос: Дар ҳама гуна ҳолат зимистон бе барқ намемонем

Хабари ҷорӣ шудани маҳдудият дар истифодаи барқ ҳам барои сокинон ва ҳам мутахассисони соҳа ногаҳонӣ буд.

“Тавре ба мо маълум аст, аз замони ба истифода додани агрегати аввали неругоҳи Норак моҳи декабри соли 1972 авҷи истеҳсоли неруи барқ дар он ба моҳи июл рост меомад, - хотиррасон кард коршиноси масоили энергетика Камолиддин Сироҷиддинов. - Дар ин давра аз 1 млрд то 1 млрд 700 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол мешуд. Чизи аз ҳама нигаронкунанда дар муроҷиати ҳукумат он аст, ки имрӯз дар обанбори Норак нисбат ба соли гузашта захираи об 17 метр поинтар аст.

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ - аз соли 1991 то 2018 ба ҳолати 30 июл сатҳи об дар обанбори неругоҳи Норак аз 900 метр поинтар намефаромад. Сатҳи муътадили танбачӯбӣ 910 метр мебошад. Аз ин бармеояд, ки барои расидан ба сатҳи муътадили танбачӯбӣ то моҳи сентябр мо бояд сатҳи обро ба андозаи 27 метр боло бардорем. Ин хеле зиёд ва расидан ба он душвор аст”.

Дар шарҳи дигар сабабҳо коршинос бар ин назар аст, ки дар бораи камобии ҳозира саривақт маълумот дода нашуд.

“Агентии обуҳавошиносӣ ( Тоҷикгидромет) давоми моҳҳои март-апред мебоист пешгӯйии сатҳи оби дарёҳои Тоҷикистонро таҳия намуда, онро ба сохторҳои дахлдор пешниҳод ва дар ВАО нашр мекард. Илова бар ин, ба фикрам, моҳҳои март-апрел мо дар неругоҳи Норак барои истеҳсоли барқ хеле оби зиёд партофта, ҳаҷми кофии обро дар обанбор захира накардем”, - мегӯяд коршинос.

Мутахассис ба паҳлӯи байнулмилалии масъала низ ишора мекунад.

“Ҳар сол моҳи июл тариқи турбинаҳои нерӯгоҳи Норак 650-700 метри мукааб дар як сония об партоб мешуд. Агар ҳозир ҳаҷми зиёди обро захира кунем, он то 300-350 метри мукааб кам мешавад. Ин дар навбати худ ба маҷрои оби дарё ба кишварҳои ҳамсоя бетаъсир намемонад. Муносибати онҳо ба ин чӣ гуна мешавад? Мо бояд ин масъаларо ба инобат гирифта, қарорҳои худро бо ҳамсоякишварҳо мувофиқа созем”, - тавсия медиҳад ӯ.

Дар робита ба вазъ дар фасли зимистон мутахассис мегӯяд, ин ҷойи нигаронии ҷиддӣ нест.

“Агар ҳатто то сатҳи зарурӣ об захира накунем ҳам, дигар неругоҳҳои барқӣ обӣ дорем, масалан неругоҳи Сангтӯда. Айни замон ин неругоҳ ҳамагӣ 40%-и иқтидори худро истифода мекунад. Ин ҷо як “лекин” ҳаст. Неругоҳи Сангтӯда 1 кВт/соат барқи худро бо нархи 29 дирам мефурӯшад, ки гарон аст.

Боз як дастгирии дигар ҳаст. Ба назарам, ҳамзамон дар неругоҳи Роғун низ об захира шуда, ба ҳалли мусбати ин мушкил кумак мекунад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.