Қарзи умумии кредитии корхона ва ташкилотҳои Тоҷикистон аз аввали моҳи октябри соли 2019 то оғози моҳи июли соли равон қариб 20 млрд сомонӣ (2 млрд доллар) зиёд шуд.

Ба ҳолати 1 октябри соли гузашта ҳаҷми қарз зиёда аз 64,6 млрд сомонӣ ва ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ - беш аз 83,8 млрд сомониро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Гуфта мешавад, натиҷаҳои молиявии корхона ва ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда дар нимсолаи аввали 2020 манфӣ ҷамъбаст шудааст: маблағи зиёни тавозунӣ ба зиёда аз 1,1 млрд сомонӣ расидааст.

Вазни қиёсии корхона ташкилотҳои зиёновар аз шумори умумии онҳо ба ҳолати 1 июли соли равон ба 31,4% баробар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи феврали соли гузашта ба Вазорати молия дастур дод, ки дар ҳамдастӣ бо дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ баҳри кам кардани қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешад.

Миёни ин корхонаҳо ШСХК “Барқи тоҷик”, ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик”, ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе”, “ҶСК “Тоҷик Эйр” ва КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” зикр шудаанд.

Байни корхонаҳои бузург қарзи ширкати “Барқи тоҷик” нисбатан зиёдтар аст, ки ба ҳолати 1 январи соли равонм 26 млрд сомонӣ (наздики 2,7 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 21 млрд сомонӣ ба лоиҳаҳои татбиқшудаи сармоягузорӣ дар соҳаи электроэнергетика (25 лоиҳа татбиқ шуда, боз 13 лоиҳа дар марҳилаи амалишавӣ қарор дорад) рост меояд.

Боқимонда 5 млрд сомонӣ қарз аз ду нерӯгоҳи барқии обии “Сангтӯда”, инчунин “Ориёнбонк” барои харидани мазут ва ғайра мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.