Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 18 сентябри соли равон ҳайати намонядагони Вазорати нақлиёти  Ӯзбекистонро бо роҳбарии муовини аввали вазир Илҳом Маҳкамов ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи нақлиёту роҳ мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри густариши ҳамкориҳои минбаъда  мубодилаи афкор намуданд.

“Дар мулоқот   масоили интиқоли бемайлони бору мусофир миёни ду давлати дӯсту бародар баррасӣ гардиданд, - қайд мешавад дар хабар. - Бахусус, масоили афзун намудани интиқоли бор миёни давлатҳо, ҳамкориҳо дар соҳаи роҳи оҳан ва кушодани ҳатсайрҳои нав дар роҳҳои автомобилгард низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт”.

Азим Иброҳим гуфтааст, маълум аст, ки вазъи моҳҳои охир, даврони дар пондемия қарор доштани кулли ҷаҳон бори дигар моро муътақид сохт, ки  нақлиёти автомобилӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳар кишвар мавқеи хосса дорад.

“Аз ин хотир бояд дар густариши ҳамкориҳо дар ин самт низ боз ҳам бештар талош намоем”, - таъкид доштааст вазир.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо баҳри пешравии ҳамкориҳо фикру дархостҳои судманд пешниҳод намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.