Таҳримҳои ИМА алайҳи Биржаи Маскав (MOEX), ки 20 рӯз пеш ҷорӣ шуданд, ба қатъи савдои доллар ва евро дар ин майдон боис гардиданд. Бахши бонкии Тоҷикистон, ки ба интиқоли рубл аз ҷониби муҳоҷирон вобастагии зиёд дорад, дар рӯзҳои аввал ба мушкилот дучор шуд, аммо баъдтар вазъият ба эътидол омад.
Мо таъсири таҳримҳоро ба фаъолияти бонкҳои кишвар ва таъсири он ба қурби рубл нисбат ба сомониро мавриди таҳлил қарор додем.
Калавандагии қурби рубл
Дар рӯзҳои аввали баъди ҷорӣ шудани таҳримҳо қурби рубли Русия дар Тоҷикистон хеле ноустувор шуд. Масалан, 1000 рубли русӣ, ки се рӯз пеш аз таҳримҳо бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 121 сомонӣ буд, 13 июн то 120,3 сомонӣ поин омад.
Бонкҳо дар он рӯз бо рубл кам савдо карда, ҳангоми иваз маҳдудиятҳои махсус ҷорӣ намуданд, инчунин бетартибона қурбро муқаррар намуда, дар баъзе бонкҳо 1000 рублро бо 100 сомонӣ иваз мекарданд.
Дар рӯзҳои минбаъда қурби воқеии рубл аз қурби расмии БМТ хеле фарқ мекард. Ҳарчанд қурби расмӣ ҳудуди 120 сомонӣ барои 1000 рубл буд, дар бонкҳо онро бо 115-118 сомонӣ савдо мекарданд.
То 20 июн 1000 рубл аз рӯи қурби БМТ 127,3 сомонӣ арзиш дошт, аммо аллакай рӯзи 21 июн, қурби расмии рубл ногаҳон то 121,2 сомонӣ поин рафт. Ҳамин тавр, рубл дар як шабонарӯз 6 банд аз даст дод. Рӯзи 4 июл 1000 рубли русӣ аз рӯи қурби НБТ 120,5 сомонӣ нарх дорад.
Дар ин давра доллар ва евро нисбат ба сомонӣ каме қавитар шуданд: агар 13 июн 1 доллар 10,7287 сомонӣ бошад, пас 4 июл 10,6632 сомонӣ шуд. Қурби евро 11,5441 сомонӣ буд, айни замон бошад - 11,4736 сомонӣ.
Қурби сомонӣ нисбати рубл барои бисёр оилаҳои Тоҷикистон, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба онҳо маблағ интиқол медиҳанд, аҳаммияти калон дорад. Мувофиқи дастури БМТ, интиқолҳо бо рубл бо қурби вақти гирифтан бо сомонӣ дода мешаванд. Рубл барои пӯшонидани талабот ба асъор ба доллар иваз карда мешавад.
Баланд шудани қурби рубл барои оилаҳои муҳоҷирон манфиатовар аст, зеро дар ин ҳолат онҳо бо сомонӣ бештар пул мегиранд.
Интихоби дигар
Дар ҳамин ҳол, дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) зикр мекунанд, ки онҳо асосан бо асъорҳои озодона мубодилашаванда амалиёти табодулӣ (конверсионӣ) мегузаронанд ва талабот ба ҷуфти асъори рубли русӣ/доллар ночиз аст.
«Илова бар истифодаи платформаи Биржаи Маскав (MOEX), БМТ барои анҷоми амалиёти ивази рубли русӣ ба асъорҳои озодона мубодилашаванда инчунин роҳҳои алтернативӣ дорад, ки сарфи назар аз таҳримҳои чанде пеш ҷоришуда, муваффақона амал мекунанд», - посух доданд ба дархости “Азия-Плюс” дар Бонки миллӣ.
Дар мавриди таъсири таҳримҳо ба низоми бонкӣ дар маҷмӯъ, дар БМТ изҳор мекунанд, ки ташкилотҳои қарзӣ-молиявии кишвар барои ивази рубли русӣ ба асъорҳои озодона мубодилашаванда имкониятҳои иловагӣ низ доранд.
Тағйирёбиҳои тезу ногаҳонӣ намешавад?
Дар ҳамин ҳол дар БМТ шарҳ доданд, ки савдои ҷуфтҳои асъор ба бозори ғайрибиржавӣ мегузарад, ки ин метавонад ба хароҷоти иловагии транзаксионӣ боис гардад.
«Бозори ғайрибиржавӣ ҷиҳати гузаронидани муомилот роҳҳои алтернативиро пешниҳод мекунад, ки метавонад барои иштирокчиёни бозор хароҷоти иловагиро дар пай дошта бошад», - шарҳ доданд дар БМТ.
Дар Бонки миллӣ зикр мекунанд, ки қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ ба омилҳои гуногун, аз ҷумла ҳаҷми воридоти асъори хориҷӣ ба кишвар ва ҷараён (динамика)-и қурби доллар нисбат ба рубли русӣ вобаста аст.
«Омилҳое, ки ба қурби доллар нисбати рубл таъсир мерасонанд, дар навбати худ, хусусияти берунӣ дошта, хеле ноустуворанд, ки ин тағйиротро пешгӯинашаванда гардонида, пайгирӣ (мониторинг)-и дақиқ талаб мекунад», - илова намуданд дар БМТ.
Дар посух инчунин зикр шудааст, ки «Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва мусоидат дар ҳалли мушкилоти эҳтимолӣ бо ташкилотҳои қарзӣ-молиявӣ ҳамкории зич дошта, ҷиҳати роҳандозии тадбирҳои зарурӣ барои пешгирӣ аз тағйироти ногаҳонии қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ имкониятҳо дорад».
Бонкҳо мутобиқ шуданд
Дар чанд бонки кишвар ба «Азия-Плюс» тасдиқ карданд, ки барои зуд мутобиқ шудан ва идома додани амалиёт ним рӯз кофӣ буд.
Дар яке аз бонкҳо хабар доданд, ки таҳримҳо нисбат ба Биржаи Маскав таъсири манфии муайяне доранд, вале на он қадаре, ки низоми бонкии Тоҷикистон натавонад бо онҳо истодагарӣ кунад.
«Ба ҳар ҳол, иқтисоди Тоҷикистон бисёрсамта буда, хавфи ҷорӣ кардани таҳримҳо нисбат ба Биржаи Маскав кайҳо вуҷуд дошт. Тоҷикистон бо Аврупо, Чин ва дигар кишварҳои ҷаҳон робитаҳои иқтисодӣ дорад ва мутаносибан, дар самтҳои дигар низ ҳисоббаробаркуниҳо ба роҳ монда шудаанд», - илова намуданд дар бонк.
Ҳамчунин зикр шуд, ки дар робита ба қурби доллари ИМА ва евро дар бозор аз таъсири манфии шадид интизорӣ намеравад.
Дар як бонки бузурги дигар низ ба «Азия-Плюс» тасдиқ карданд, ки гуфтаҳои боло дурустанд ва ишора карданд, ки ҷорӣ кардани таҳримҳо раванди иваз намудани асъорро дарозтар ва гаронтар кардааст.
«Бонкҳои Осиёи Марказӣ роҳи аз мушкил раҳоиро дар табдил кардани рубл ба юан ва юан ба доллар пайдо карданд. Аммо ҳамкории мустақим надоштан бо биржа амалиётро мураккабтар ва гаронтар мекунад», - шарҳ дод намояндаи бонк.
Дарвоқеъ, ҷорӣ кардани таҳримҳо нисбати Биржаи Маскав ба тағйироти кӯтоҳмуддати қурби рубл дар Тоҷикистон сабаб шуд. Аммо, бо шарофати устувории бонкҳои тиҷоратӣ ва мавҷуд будани роҳҳои алтернативӣ, оқибатҳои манфӣ ниҳоят кам буданд.