Соли 2024 дар Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) 82,2 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки 23,3% зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли ин навъи маҳсулот зиёда аз 66,6 ҳазор тоннаро ташкил дода буд.
Дар ифодаи пулӣ истеҳсоли алюминии аввалия дар соли гузашта 230,2 млн сомонӣ (беш аз 21 млн доллар) ё худ 47,3% афзуд. Арзиши умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ба 716,4 млн сомонӣ (65 млн доллар) баробар аст.
Ҳаҷми содироти алюминии аввалия дар соли 2024 зиёда аз 71 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки қариб 37% зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад. Аз ҳисоби содироти ин маҳсулот соли гузашта ҷумҳурӣ зиёда аз 180 млн доллар даромад гирифт.
Дар корхонаҳои маҳаллӣ ҳудуди 18,9 ҳазор тонна алюминии аввалия коркард шудааст, ки қариб 3,5 ҳазор тонна ё худ 22,5% зиёдтар дар муқоиса бо соли 2023 аст.
Коркарди алюминии аввалия дар дохили кишвар соли гузашта дар корхонаҳои зерин анҷом дода шудааст:
- ҶДММ «Титан-8888» (1725 тонна);
- ҶДММ КМ ТТ «Тоҷпроф» (1228 тонна);
-ҶСК «Талко» (626 тонна);
- ҶДММ «Алюмин Проф» (115 тонна).
Дар назар аст, ки соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия то 108 ҳазор тонна расонида шавад.