Ба гумони даст доштан дар як силсила дуздиҳо сокини 21-солаи маҳаллаи Испечаки шаҳри Душанбе Умарҷон Маҳмадиев боздошт шудааст, ки дар олами ҷиноӣ бо тахаллуси «Кобра» маъруф аст.

Дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар робита ба ин маълумот менависад, дар ҷараёни корҳои тафтишотӣ муайян гардидааст, ки номбурда асосан ҷиноятҳои дуздиро шабона содир намуда, тирезаҳои автомашинаҳои шаҳрвандонро ба воситаи «отвёртка» шикаста, маблағҳои пуливу тефонҳои мобилӣ ва дигар ашёи қимматнокро аз они худ мекардааст.

Гуфта мешавад, бори охир аввали моҳи феврал ӯ тирезаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», ки дар назди манзили истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсуми пойтахт беназорат меистод, шикаста аз дохили автомашина телефони мобилӣ, маблағҳои пулӣ ва видеорегистратору дигар ашёҳои арзишмандро дуздидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки номбурда дар содир намудани зиёда аз 30-лаҳзаи дигари ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи ӯ зиёда аз 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.