Дар нишасти матбуотии рӯзи 18-уми феврал вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба рӯзноманигорон хабар дод, ки шаҳрвандони хориҷӣ акнун метавонанд ба муҳлати 60 рӯз раводид (виза)-и Тоҷикистонро гиранд.
Ба гуфтаи ӯ, қаблан хориҷиён тариқи раводид то 45 рӯзи тақвимӣ дар Тоҷикистон ҳузур дошта метавонистанд.
“Ҳафтаи гузашта сарвари давлат дар ин хусус санади дахлдор имзо кард. Раводид ба муҳлати то 90 рӯз дода мешавад, лекин шаҳрванди хориҷӣ танҳо 60 рӯз дар Тоҷикистон қарор дошта метавонанд”, - иттилоъ дод вазири корҳои хориҷӣ.
Вай афзуд, арзиши раводиди яккарата ба муҳлати мазкур 30 доллар ва бисёркарата 50 долларро ташкил хоҳад дод.
Вазир ҳамчунин изҳор дошт, боз ду санади дигар, ки дар онҳо додани раводид ба муҳлати 3 сол ба собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон ва ба муҳлати 5 сол ба сармоягузорони иқтисоди кишвар пешбинӣ шудааст, дар вазорату идораҳои марбута мавриди баррасӣ қарор доранд.
Ёдрас мекунем, ки зимни ироаи паём ба парлумон сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ВКХ Тоҷикистон дастур дод, ба ҳамаи хориҷиёне, ки ба иқтисоди Тоҷикистон на камтар аз 1 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ мекунанд, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди бисёркаратаи 5-сола дода шавад.
Ғайр аз ин раисҷумҳур супориш дод, ки ба зодагони Тоҷикистон, ки дар дигар кишварҳо зиндагӣ мекунанд, раводидҳои дарозмуҳлат дода шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.