Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни кишварҳо ба анҷом расид.
Рӯзҳои 16-17 март дар ин ҷо ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни ин кишварҳо баргузор шуд.
Ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймумин Ятимов ва ҳайати кишвари ҳамсояро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев роҳбарӣ карданд, хабар медиҳад Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
“Зимни вохӯрӣ дар мавриди масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон табодули назар сурат гирифт. Мулоқот дар фазои дӯстона доир гардид”, - гуфта мешавад дар хабар.
Ба гумони ғолиб, ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки ба гуфтушунидҳо оид ба созиш ҳосил кардан дар мавриди сарҳад идома медиҳанд. Ба ҳар ҳол, дар торнамои ВКХ ҶТ аз натиҷаҳои гуфтушунид маълумот дода намешавад.
Қаблан дар мавриди ин масъала зикр гардида буд, ки гуфтушунидҳо пушти дарҳои пӯшида ҷараён доранд.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст. То кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд.
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои қирғизи худ Руслан Казакбаев ин масъаларо баррасӣ карда буданд.
Дар ин мулоқот вазирон истифодаи пурраи имкониятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин иҷрои уҳдадориҳои қаблан базиммагирифтаи ҷонибҳоро, ки имконияти ҳалли фаврии масъалаҳои марзиро таъмин менамояд, муҳим арзёбӣ карданд.
Сироҷиддин Муҳриддин зарурати истифодаи имкониятҳои васеи транзитии ҷонибҳо ва додани мақоми байналмилалӣ ба гузаргоҳи сарҳадии “Қарамиқ” дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро таъкид кард.
Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз Руслан Казакбаев даъват ба амал овард, то дар кори Конфронси 9-уми вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки қарор аст 30 марти соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардад, ширкат варзад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.