Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Сардор Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон рӯзи 11-уми май аз мавзеи Такоб боздид карда, манзараҳои зебои минтақаи Варзобро тамошо карданд.

“Сарони давлатҳо дар мавзеъҳои зебоманзари Варзоб сайру гашт карда, суҳбати озоди дӯстона анҷом доданд ва аз табиати сабзу хуррам ва ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ баҳра бурданд”, - зикр мекунад дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

1/10

Ёдовар мешавем, ки Сардор Бердимуҳаммадов рӯзи 10-уми май ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ташриф овард ва бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ мулоқотҳо анҷом дод.

Дар паи натоиҷи мулоқотҳои сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду кишвар дар Душанбе 24 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Сардор Бердумуҳаммадов 11-уми май ба Туркманистон баргашст ва ӯро дар фурудгоҳи Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гусел кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.