Дар шаҳри Янлини музофоти Шэнсии Чин Форуми серӯзаи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар мавзӯи коҳиши камбизоатӣ ва расидан ба рушди устувор ҷараён дорад.

Форум таҳти унвони «Мубодилаҳо барои ғанисозии мутақобила. Ҳамкорӣ ба манфиати умумӣ” (Обмены для взаимообогащения. Сотрудничество ради общего выигрыша) ҷараён дошта, дар кори он намояндагони кишварҳои узви СҲШ, инчунин кишварҳои нозири Созмон ва шарикони муколама иштирок мекунанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кори форум танҳо шахсони расмии Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳузур доранд. Ҳайати Ӯзбекистонро муовини сарвазир Ҷамшед Қӯчқоров ва Қирғизистонро - муовини вазири меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷират Жилдиз Полотова роҳбарӣ мекунанд.

Asia-Plus

Ҳайати расмии Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум ҳузур надорад.

Форум бо ташаббуси раиси Чин Си Ҷинпин дар нишасти сарони СҲШ дар соли 2022 дар Самарқанд ва аз ҷониби Кумитаи Чин оид ба ҳамкории неки ҳамсоягӣ ва дӯстии СҲШ дар якҷоягӣ бо Бюрои миллии эҳёи деҳот ва Ҳукумати мардумии музофоти Шэнси гузаронида мешавад.

Дар рӯзи аввали кори форум, 29 май, маросими ифтитоҳ, муаррифии натиҷаҳои ду таҳқиқот ва муҳокимаи мавзӯъҳо баргузор шуд.

Котиби кумитаи Ҳизби коммунисти музофот Чжао Идэ комёбиҳои Чинро дар самти барҳам додани камбизоатӣ таъкид дошта, аз нақшаҳои минбаъда оид ба эҳёи ноҳияҳои деҳот ва навсозии маҳсулоти кишоварзӣ маълумот дод.

Хонум Шен Юэюэ, раиси Комиссияи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ, аз байн бурдани фақри шадид дар Чинро "мӯъҷизае дар таърихи башарият" хонд.

Хонум Шэн Юэюэ
Сурат: Asia-Plus

Ӯ таъкид дошт, ки Чин даҳ сол пеш аз соли муқарраршудаи 2030 ба ҳадафҳои рушди устувори СММ ноил шуд ва аз кишварҳои узви СҲШ даъват кард, ки барои коҳиши фақр ва беҳбуди некӯаҳволии мардум якҷоя кор кунанд.

Дар суханронии шодбошӣ муовини сарвазири Ӯзбекистон, муовини вазири меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон, муовини раиси Сенати Покистон, котиби генералии Ҷамъияти ҳифзи иҷтимоии Непал ва муовини вазири маорифи Мянма аз таҷрибаи Чин дар рафъи камбизоатӣ ситоиш карда, онро намуна ва ибрати хубе барои пайравӣ номиданд. Онҳо инчунин аз таҷрибаи коҳиши камбизоатӣ дар кишварҳои худ изҳори назар карданд.

Сурат: Asia-Plus

Дабири кулли СҲШ Чжан Мин дар суханронии шодбошии худ зикр кард, ки камбизоатӣ як мушкили ҷаҳонӣ буда, барои бисёре аз кишварҳо муҳим аст ва Чин дар мубориза бо фақр таҷрибаи беназире дорад.

“Тайи солҳои охир дар ин самт дар Чин дигаргуниҳои азим ба амал омаданд. Чин ба табодули таҷрибаи беназири худ бо давлатҳои "оилаи Шанхай" омода аст. Дар шароити имрӯзаи душвор, ки дар натиҷаи пандемия ва низоъҳои минтақавӣ шадидтар шудааст, барои кишварҳои СҲШ рушди ҳамкориҳо, амалӣ намудани саъю кӯшишҳои муштарак ва татбиқи стратегияҳои инноватсионии рафъи ин монеаҳо ва ноил шудан ба рушди устувор муҳим аст”, - таъкид дошт Чжан Мин.
Суханронии Чжан Мин
Сурат: Asia-Plus

Дар форум ду маърӯза: “Коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рушд дар кишварҳои узви СҲШ” ва “Ҳамгироии аграрӣ ва стандартизатсия дар кишварҳои узви СҲШ” пешниҳод шуд.

Дар форум ва мубоҳиса доир ба мавзӯъ тақрибан 20 маърӯзачӣ аз Чин ва дигар кишварҳо суханронӣ карданд. Аз ҷумла беш аз 10 нафар намояндагони сохторҳои давлатӣ, олимон ва роҳбарони ширкатҳои хусусии Чин доир ба таҷрибаи худ дар самтҳои гуногун оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ табодули назар намуданд.

Намояндагони Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Туркия, Малдив, ҳамоҳангсози доимии СММ ва намояндаи лоиҳаи ФАО дар Чин низ таҷрибаи худро дар самти коҳиши камбизоатӣ изҳор карданд.

Сурат: Asia-Plus

Имрӯз дар мавзӯъҳои «Эҳёи деҳот бо дастгирии илмию техникӣ» ва «Мусоидат ба рушди устувори деҳот бо дастгирии неруҳои иҷтимоӣ» музокирот сурат мегиранд.

Дар идомаи кори Форум ҷониби Чин ба меҳмонон натиҷаҳои бомуваффақияти барномаи миллии коҳиш ва рафъи камбизоатиро муаррифӣ мекунад.

Иштирокчиён аз Парки кишоварзии ҳушманд, Донишкадаи кишоварзии сарфаи об дар минтақаҳои хушки Чин, Маркази инноватсионии илм ва технологияи саноати себ боздид намуда, инчунин бо лоиҳаҳои фотоэлектрикӣ барои рафъи камбизоатӣ дар шаҳрҳои алоҳида шинос хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.