Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба мушкилоти саҳмгузорони яке аз биноҳои истиқоматии сохтмонаш нотамом таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, Рустами Эмомалӣ бо муроҷиатномаи гурӯҳи шаҳрвандон - ҳиссагузорони бунёди манзилҳои ширкатҳои сохтмонии "Муҳаммад 2009" ва "Муҳаммад 2014", ки таҳти унвони "Мо танҳо ба Мири шаҳр умед мебандем"  тавассути нашрияи "Азия Плюс" ба чоп расида буд, шинос шуд.

Гуфта мешавад, раиси шаҳр ба масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ ҷиҳати мусоидат ва фароҳам овардани шароит ба ташкилотҳои сохтмонӣ дар ҳарчи зудтар ба итмом расондани корҳои бунёдии иншооти нотамоми манзилҳои истиқоматӣ, ҷоннок ва пурзӯр кардани корҳои сохтмонӣ ва ба таври бетаъхир бартараф кардани тамоми камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои қатъӣ додаааст.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш саҳмгузорони яке аз биноҳои истиқоматии сохтмонаш нотамом дар пойтахт ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки баъди ваъдаҳои чандинсола, баҳсҳои тӯлонии судӣ ва арзу шикоят ба мақомоти гуногун, акнун чунин мешуморанд, ки ба ҷуз Худо, дигар ба онҳо танҳо раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ кумак карда метавонад.

Ин бинои истиқоматии сохтмонаш нотамом дар кӯчаи Шевченко №110/1 (каме дуртар аз бинои Вазорати тандурустӣ) воқеъ буда, роҳбарони ширкатҳои машғул ба бунёди он - «Муҳаммад 2009» ва «Муҳаммад 2014» бародарон Зафар, Нусратулло ва Ҳоким Қурбоновҳо мебошанд, ки қаблан нисбати яке аз онҳо  - Нусратулло бо ҷурми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, ӯ ба ҳабс гирифта шуда буд.

Аммо бо гузашти чанд моҳ бо дархости ҷабрдидагон, ки ба зораву ваъдаҳои хешовандони ӯ бовар карда, аризаҳои худро бозпас гирифтанд, Нусратулло раҳо шуда, вале бо вуҷуди ин ҳам, сохтмон ба итмом нарасид.

Қобили зикр аст, ки иҷозатнома барои сохтмони бинои мазкур ҳанӯз соли 2011 дастрас шуда, муҳлати ба истифода додани он - 1 солу 8 моҳ муқаррар шудааст. Аз он замон аллакай 7 сол сипарӣ шуд…

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.