Асрор Латифзода, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) интихоб шуд, ояндаи наздик аз вазифаи муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ истеъфо медиҳад.

“Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, кормандони амалкунандаи сохторҳои қудратӣ ба узвият дар аҳзоби сиёсӣ ҳуқуқ надоранд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар парлумони Тоҷикистон.

Асрор Латифзода

Латифзода моҳи нобяри соли 2015 муовини вазири мудофиа таъин шуд. То он замон муовини раиси ҲХДТ буд. Вақте ки муовини вазири мудофиа таъин шуд, узвияташро дар ҲХДТ боздошт. Дар вазорати мудофиа Асрор Латифзода ба кори ҳайати шахсӣ масъул буд.

Асрор Латифзода 10-уми марти соли 1962 дар Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Академияи хизмати давлатии назди президенти Русия мебошад. Фаъолияти кориашро дар Донишгоҳ ба сифати корманди хурди илмӣ оғоз кардааст. Аз соли 1987 то соли 1991 дар ташкилотҳои ҷавонон (комсомол)-и пойтахт кор кардааст.

Давоми солҳои 1992-2001 дар мансабҳои роҳбарикунандаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мушовири президенти ҷумҳурӣ оид ба сиёсати кадрҳо фаъолият дошта, тӯли солҳои 2001-2009 ба ҳайси раиси Кумитаи ҷавонон, сарвари КВД “Сайёҳ”, муовини роҳбари Раёсати хизмати давлатии назди президенти ҶТ, мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат кор кардааст. Соли 2009 муовини раиси ҲХДТ интихоб шуд. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.