Мувофиқи омори солҳои охир, дар Тоҷикистон аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ миқдори хеле ками ҳукмҳои бегуноҳӣ ё худ сафедкунанда содир шудааст. Соли гузашта чунин ҳукмҳо умуман набуданд. Ин аз чӣ гувоҳӣ медиҳад?

 

Додраси мустақил - додраси касбӣ

Дар давраи солҳои аз 2019 то 2023 дар додгоҳҳои Тоҷикистон аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ ҳамагӣ 28 ҳукми сафедкунанда содир шудааст. Соли 2024 чунин ҳукм содир нашудааст.

Бино ба маълумоти Додгоҳи олии Тоҷикистон, соли 2024 додгоҳҳои кишвар ҳудуди 169,5 ҳазор парвандаро баррасӣ кардаанд, ки 18% зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст. Аксари парвандаҳо ба қонуншиканиҳои маъмурӣ ва масъалаҳои оилавӣ марбутанд. Ҳафт фоизашро парвандаҳои ҷиноятӣ ташкил додаааст.

Мақомот бар ин назаранд, ки камшумор будан ё ҳатто мавҷуд набудани ҳукмҳои бегуноҳӣ нишондиҳандаи кори хуби мақомоти тафтишоти пешакӣ мебошад.

Аммо ба андешаи коршиносон, таҷрибаи айбдоркунии додгоҳҳои Тоҷикистон аз мустақил набудани онҳо шаҳодат медиҳад.

“Имрӯз Додситонии кулл (Прокуратураи генералӣ) дар мадди аввал қарор дорад, ки хулосаи айбдоркуниро тасдиқ менамояд. Барои мухолифат надоштан бо ин ниҳоди пурнуфуз, додрасҳо (судяҳо) бисёр вақт ба ақидаи додситонҳо (прокурорҳо) гӯш дода, қариб ҳамеша аз айбдоркунанда ҷонибдорӣ мекунанд”, - мегӯяд Ватан Абдураҳмонов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва додраси пешин.

Ба гуфтаи ӯ, тамоюли айбдоркунӣ принсипи асосии истеҳсолоти додгоҳӣ - рақобатнокиро вайрон мекунад. Ҳарчанд ҳуқуқи адвокат ва додситон дар ҳимоя ва айбдоркунӣ баробар бошад ҳам, додгоҳҳо ақидаи адвокатҳоро начандон ба инобат мегиранд ва иштироки онҳо дар мурофиаҳо бештар як расмият аст.

“Дар содир намудани ҳама гуна ҳукм додрасҳо бояд мустақил бошанд. Агар додрас барои машварат ба роҳбаре муроҷиат кунад, ӯ бояд фавран аз вазифа озод шавад. Ин аллакай додраси вобаста буда, наметавонад мустақилона тасмим бигирад. Ӯ масъулиятро ба дӯши дигарон мегузорад”, — мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Мустақилият ва беғаразии додрасҳо пеш аз ҳама, нишонаи касбияти онҳост. Додрасҳои воқеан касбӣ, ба гуфтаи коршинос, ҳеҷ гоҳ барои машварат ба касе муроҷиат намекунанд, балки бо такя ба дониши касбии худ қарор қабул мекунанд.

Раиси Додгоҳи олии ҶТ Рустам Мирзозода (аз рост)
Сурат: Asia-Plus

Моҳи декабри соли гузашта президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз кори додрасҳо сахт интиқод карда, изҳор дошт, ки аз ҳама бештар аз фаъолияти низоми додситонӣ шикоят мерасад. Аксари даъвоҳои шаҳрвандон ба кашолкорӣ дар баррасии парвандаҳо ва норозигӣ аз санадҳои додгоҳӣ дахл дорад.

Президент афзоиши тамоили ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби додрасҳо, аз ҷумла қаллобӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ришвахорӣ, содир кардани ҳукмҳои беадолатонаро зикр кард.

 

Набудани ҳукмҳои сафедкунанда бояд ҷиддӣ таҳлил шавад

Дар нишасти матбуотии охири Додгоҳи олӣ гуфта шуд, ки соли 2024 барои содир кардани ҷиноят 4 додрас аз вазифа озод ё ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуданд.

Ба ақидаи ҳуқуқшиноси тоҷик Наврӯз Одинаев, ин воқеият дар баробари набудани ҳукмҳои сафедкунанда саволҳои ҷиддиро ба миён меорад.

Ба гуфтаи ӯ, аз як тараф, мавҷудияти парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба додрасҳо нишон медиҳад, ки низоми додгоҳҳо аз ҷиноятҳои мансабӣ эмин набуда, аз тарафи дигар, тамоман вуҷуд надоштани ҳукмҳои сафедкунанда ба шакку шубҳа нисбат ба беғаразии баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ боис мегардад.

Мақомоти тафтишот ҳам мисли ҳама гуна дигар сохторҳо метавонад ба иштибоҳ роҳ диҳад. Вазифаи асосии додрас на танҳо таъини ҷазо, балки таҳлили амиқи далелҳои пешниҳодшуда ва қабули қарорҳои одилона дар бораи гунаҳкорӣ ё бегуноҳии муттаҳам аст.

“Таҷрибаи кишварҳои рушдкарда нишон медиҳад, ки фоизи ҳукмҳои сафедкунанда метавонад ба сатҳи назаррас расад. Масалан, дар Канада он то 30% аст. Ин на танҳо бо хатогиҳои тафтишот, балки ба зарурати риояи қатъии меъёрҳои мурофиавӣ вобаста аст”, – мегӯяд ҳуқуқшинос.

Ба назари ӯ, ҳукмҳои сафедкунанда дар амалияи ҳуқуқӣ нақши муҳим доранд. Онҳо на танҳо шахсони бегуноҳро ҳимоя мекунанд, балки мақомоти тафтишотиро ба ҷамъоварии бодиққати далелҳо ва риояи қонун водор месозанд.

“Набудани ҳукмҳои сафедкунанда бояд мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор гирад, зеро ин масъала ба принсипҳои асосии адолати додгоҳӣ – адолат, мустақилияти суд ва асли бароат (эҳтимолияти бегуноҳӣ) – дахл дорад”, - таъкид кард Одинаев.

 

Додгоҳ ба баргузории тафтишоти худ уҳдадор аст

Ба қавли ҳуқуқшинос ва муассиси Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ Дилрабо Самадова, хеле кам будани ҳукмҳои сафедкунанда дар Тоҷикистон боиси нигаронист. Зеро ҳатто дар кишварҳои пешрафта бо низоми мустақили додгоҳӣ иштибоҳу ғаразнокӣ, поймолкунии ҳуқуқи инсон ва фасод ҷой доранд.

“Додгоҳ на танҳо як ниҳод, балки як шохаи пурраи ҳокимият аст. Аз ин рӯ, онро “ҳокимияти сеюм” меноманд ва он бояд комилан мустақил бошад”, – мегӯяд ӯ.

- Сарфи назар аз он ки мақомоти тафтишотӣ таҳқиқот анҷом дода, парвандаро бо айб ва далелҳои “тайёр” ба додгоҳ медиҳанд, додгоҳ вазифадор аст, ки таҳқиқоти худро анҷом дода, қарори одилона қабул кунад. Агар додгоҳ парвандаро таҳқиқ накарда, танҳо айбномаи мақомоти тафтишотро тасдиқ созад, пас чунин ҳокимият умуман барои чӣ лозим аст?”.

 


Ба ақидаи Дилрабо Самадова, тамоюли айбдоркунии додгоҳ аз омилҳои гуногун вобаста буда, яке аз сабабҳои асосӣ сустии низоми адвокатура ва шумораи ками адвокатҳо, бахусус дар манотиқи дурдаст ва кӯҳистони кишвар мебошад,

Ғайр аз ин, чунин ҳолат аз сатҳи пасти риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар гувоҳӣ медиҳад, ки  инро радабандиҳои созмонҳои байнулмилалии гуногун тасдиқ мекунанд.

Тибқи маълумоти Freedom House, аз лиҳози сатҳи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои маданӣ соли 2024 Тоҷикистон аз 100 балли имконпазир ҳамагӣ 5 балл гирифт. Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳо бо нишондиҳандаҳои бадтарин дар ҷаҳон тайи 10 соли ахир шомил шуд.

“Ҳуқуқ ба адолати додгоҳӣ, озодӣ аз шиканҷа, асли бароат, озодӣ аз боздоштҳои худсарона ҳуқуқҳое мебошанд, ки бояд дар навбати аввал аз ҷониби низоми додгоҳӣ таъмин карда шаванд”, - зикр кард ҳомии ҳуқуқ.

 

Ба хотири аз даст нарафтани обрӯву нуфуз

Уғулой Бобоева, адвокати тоҷик бар ин назар аст, ки омори пасти ҳукмҳои сафедкунанда нишон медиҳад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати “зарар нарасонидан” ба нуфуз ва аз даст нарафтани обрӯи худ талош мекунанд, зеро тибқи қонун, эътирофи бегуноҳии айбдоршаванда минбаъд ба комилан барқароршавии ҳуқуқҳои ӯ боис мегардад.

“Содир шудани ҳукми сафедкунанда маънои онро дорад, ки шахс ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум ё ҳуқуқҳояш маҳдуд шудааст, яъне кормандони ин ё он мақомот кори худро ба таври бояду шояд иҷро накардаанд”.

Сарфи назар аз ҷониби кӣ пешниҳод шудани парванда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аксаран то эълони ҳукм парвандаҳои худро “ҳимоя мекунанд”. Сабабаш коста нашудани нуфуз аст, зеро шахси ғайриқонунӣ боздоштшуда, ҳақ дорад, ки барои ҷуброн ва ба ҷавобгарӣ кашидани иштирокчиён ба додгоҳ шикоят барад”,- зикр мекунад ӯ.

Тавре ки адвокат зикр кард, мувофиқи омори солҳои пешин, ҳиссаи ҳукмҳои сафедкунанда дар Тоҷикистон аз 1% зиёд набуд.

“Мутаассифона, аз соли 2015 Тоҷикистон ба радабандии волоияти қонун, ки аз ҷониби созмони мустақили байнулмилалии "World Justice Project" таҳия мегардад, шомил намешавад, ҳарчанд ба гунаи мисол, Қирғизистон дар ин радабандӣ дар зинаи 101-ум ва Ӯзбекистон - дар мақоми 83-юм қарор доранд”, - илова кард ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.