Байни Тоҷикистону Афғонистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ Созишномаи байнидавлатӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, ин Созишномаро аз номи Тоҷикистон Сарвари КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Вазири давлатӣ дар умури мубориза бо офатҳои табиӣ ва масоили башардӯстии Агентии миллии идораи офатҳои Афғонистон ҷаноби Наҷиб Ака Фаҳим имзо карданд.

Ёдрас мешавад, ки доштани марзи тӯлонии муштарак Тоҷикистон ва Афғонистонро беш аз ҳар вақти дигар ба таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун таҳрик медиҳад. Аз ҷумла, дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ду мамлакат беш аз ҳар вақти дигар ба кумаки ҳамдигар ниёз доранд.

Зеро ин ду кишвар иқлими шабеҳ ба ҳамдигар доранд. Тоҷикистон метавонад дар омодасозии мутахассисон ва бозомӯзии кадрҳои идораҳои наҷоти Афғонистон ба ин кишвар кумак расонад.

Санаи 25 декабри соли 2018 дар доираи татбиқи минбаъдаи лоиҳаи «Таҳкими иқтидори коҳиши хатари офатҳо ва вокуниш» миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳукумати Ҷопон ва Барномаи Рушди СММ дар моҳи сентябри соли 2016 бо ташаббуси Тоҷикистон  ҷаласа оид ба таҳкими ҳамкориҳои наздисарҳадӣ оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда миёни  КҲФ ва МГ-и назди ҳукумати ҶТ ва Раёсати Миллии Ҷумҳурии Афғонистон оид ба мубориза бо офатҳои табиӣ баргузор шуда буд.

Гуфта мешавад, дар он нишаст сарвари ҳайати Афғонистон, ҷонишини вазири Вазорати миллии Афғонистон ҷаноби Муҳаммад Ҳайдарӣ  зимни суханронии худ ба муҳим ва зарурӣ будани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ таъкид намуда, аз ҷумла гуфта буд:

“Мо ба бародарони тоҷики худ барои ин гуна ҳамкориҳо изҳори ташаккур мекунем, чун иқлими Афғонистон ба иқлими Тоҷикистон хеле шабеҳ аст, кишвари мо ва кишвари шумо бастаи офатҳои табиианд.  Мо дар масъалаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо ба кумак ва дастгирӣ низ ниёз дорем”.