Бо вуҷуди ҳамлаи мусаллаҳона ба сарҳадбонони тоҷик, Ӯзбекистон барои равуои шаҳрвандон дар ҳамаи 17 постгоҳи назоратӣ, ки дар сарҳади ду кишвар ҷойгиранд, маҳдудият ҷорӣ накард.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати фармондеҳии қӯшунҳои сарҳадии Ӯзбекистон пас аз ҳуҷум ба дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод”, воқеъ дар марзи ду кишвар, мудом бо ҳамтоҳои тоҷики худ дар робита аст.
Ҷониби Тоҷикистон хабар дод, ки Ӯзбекистон посбонии хати сарҳади худ бо Тоҷикистон ва Афғонистонро тақвият бахшид.
“Пурзӯр шудани реҷаи посбонии сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбекистон ба равуои шаҳрвандон тариқи гузаргоҳҳои назоратӣ таъсир намерасонад: онҳо бо реҷаи муқаррарӣ аз марз мегузаранд”, - таъкид дошт манбаъ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.