Рӯзи 14 март дар поликлиникаи рақами 9 дар кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе боз як рейди зидди ҳиҷоб доир шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Ахбор (Akhbor.com) бо истинод ба хабаргузории «Азия-Плюс», як зан рӯзи 14 март ба хабаргузорӣ шикоят кардааст, ки ӯро ба далели дар сар доштани ҳиҷоб дар поликлиникаи рақами 9 дар кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе манъ карда ва маҷбур кардаанд, ки рӯймолашро кӯтоҳ бандад.

Ин зан мегӯяд: "Ман кӯдаки беморамро пеши табиб оварда будам. Дар даромадгоҳи поликлиника маро ду марду ду зан манъ карда, ба ҳуҷраи кории табиб бурданд ва дар онҷо фармон доданд, ки рӯймоламро аз сарам бикашам ваё онро тавре бандам, ки гарданам намоён бошад. Дар он ҳуҷра боз се зани дигари ҳиҷобпӯшро дароварда буданд. Бо вуҷуди зориҳоямон, моро сар надоданд.”

Ду мард ин занҳоро ба навор ҳам гирифтаанд – ибтидо бо ҳиҷоб ва сипас баъди кашидани ҳиҷоб. Баъди ин онҳо ному насаб ва нишонии занҳои боздоштшударо навишта, сарашон додаанд.

Зане ки ба "Азия Плюс” шикоят кардааст, гуфтааст, ки "ман дар ниҳоят кӯдакамро ҳатто то пеши духтур бурда натавонистам. Кӯдакамро дар хона табобат мекунам, вале ба ин поликлиника дигар поямро намегузорам.”

Як шоҳиди дигари ин рейд гуфтааст, ки дар саҳни бемористон як мошини "Тангем” бо "мигалка” истода буд, вале иштирокчиёни рейд дар тан либоси мулкӣ доштанд: "Вақте ман пурсидам, ки шумо кистед ва дар кадом асос чунин рафтор мекунед?, зане ки калонсолтар буд, гуфт, онҳо намояндаи мақомот мебошанд. Вале ягон санад нишон надоданд. Ӯ изҳор дошт, ки рӯймолро набояд ба чунин шакл пӯшид, ин тоҷикӣ нест. Вале либоси худи ин зан ягон зарра тоҷикӣ набуд. Вай дар тан юбкаву жемпер ва пиджак дошт.”

Аммо дар вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба "Азия Плюс” гуфтаанд, ки милиса ба ин рейд рабте надорад. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати дохила гуфтааст: "Мо бо ҳадафи аз сари занон кашидани ҳиҷоб рейд намегузаронем. Ин ғайриқонунӣ аст. Вале мо ба таври мунтазам дар байни занон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем ва пӯшидани либоси миллиро таблиғ мекунем.”

Сухангӯи вазорати дохила ба заноне, ки шоҳиди чунин рейдҳо мешаванд, машварат додааст, ки бо телефони боварии ин вазорат бо шумули 2 21 21 21 мустақиман ба вазир Рамазон Раҳимзода занг бизананд. Умарҷони Эмомалӣ гуфтааст: "Мо албатта чора меандешем.”