Обуҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ болоравии суръати шамол дар назар буда, дар натиҷа фазои кишваррро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад, ки муддати 2 рӯз идома ёфта, аллакай охири ҳафта борони кӯтоҳмуддат аз эҳтимол дур нест.
Дар Агентии гидрометеорологии ҷумҳурӣ қайд мекунанд, ки чангу ғубор асосан дар минтақаҳои ҷануб ва марказии кишвар ба мушоҳида расида, ҳарорати ҳаво 1-2 дараҷа поин мефарояд.
«Агентии обуҳавошиносӣ аз сокинону меҳмонони кишвар, ки бемориҳои дилу раг ва роҳҳои нафаскашӣ доранд, ҳамчунин аз кӯдакон дархост мекунад, ки аз 11 то 13 август мувофиқи имкон манзилро тарк накарда, тадбирҳои зарурии эҳтиётӣ биандешанд», - тавсия медиҳанд обуҳавошиносон.
Қобили зикр аст, ки расо як моҳ пеш, аз 11 то 13 июл низ дар Тоҷикистон чунин вазъи обуҳаво ба мушоҳида расида буд.