Заноне, ки барои пӯшидани ҳиҷоб дар Тоҷикистон ҷарима шудаанд, барои барқарор кардани ҳуқуқҳои худ, метавонанд ба мақомоти прокуратура муроҷиат кунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҳамин ҳол, онҳо бояд бо худ санади ҷаримаро дошта бошанд.

Ӯ тасдиқ кард, ки мувофиқи меъёрҳои тағйироти қабулшуда ба қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, барои ба бар кардани сатру ҳиҷоб ҷарима пешбинӣ нашудааст.

«Агар бонувонро касе ҷарима карданӣ бошад ё аллакай ҷарима кардааст, онҳо метавонанд бо ариза ба мақомоти прокуратура муроҷиат кунанд ва ҳамроҳи ариза нусхаи санади ҷаримаро пешниҳод намоянд», - иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки ба сурати умум барои риоя накардани меъёрҳои ин қонун шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ танҳо бар асоси қарои суд ҷаримабандӣ шуда метавонанд ва ҳеҷ кадоме аз мақомоти дигар ба ҷаримабандӣ барои нақзи ин қонун ҳуқуқ надорад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» намояндаи парлумони ҷумҳурӣ низ қайд кард, ки дар қонунгузории Тоҷикистон барои ба бар кардани сарулибоси бегона, аз ҷумла сатру ҳиҷоб ҷарима пешбинӣ нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.