Дар бинои Суди Олӣ маросими расмии  баимзорасонӣ ва роҳандозии Лоиҳаи «Дастрасӣ ба иттилооти судӣ барои солҳои 2018-2019» баргузор гардид.

Тавре бахши иттилооти Суди олӣ хабар медиҳад, дар чорабинӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён, Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибха Меҳта,  сафири Норвегия ҷаноби Оле Йохан Бёрной ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Норвегия дар доираи Барномаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ» маблағгузорӣ карда мешавад.

Лоиҳа ба такмили фаъолияти мақомоти судии Тоҷикистон дар самти дастрасӣ ба иттилооти боэътимод ва саривақтӣ оид ба фаъолияти судҳо ва мусоидат дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор равона карда шуда, азнавсозии сомонаҳои Суди Олӣ, судҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, инчунин ташкил кардани сомонаҳои судҳои ВМКБ ва минтақаҳои Раштро дар бар мегирад.

1/2

Гуфта мешавад, дар баробари ин, бо мақсади саривақт ва холисона иттилоотонидани ҷомеа оид ба фаъолияти судҳо тавассути воситаҳои ахбориомма дар Суди Олӣ, судҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо Марказҳои матбуотӣ (Пресс-центр) таъсис дода, шахсони маъул бо семинар-тренингҳо бо иштироки коршиносони ватанӣ ва хориҷӣҷалб гардида, инчунин гузаронидани конфронсҳои матбуотӣ, паҳннамоии пресс-релизҳо, нашри иттилоот дар воситаҳои ахбори омма ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар маҷмӯъ Лоиҳаи мазкур ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва инъикоси баррасии парвандаҳои судии муҳим барои ҷомеа тариқи сомонаҳои Интернетӣ ва марказҳои матбуотӣ мусоидат менамояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.