Иштирок намудани донишҷӯён дар маршировка маҷбурӣ нест, гуфт Шамсиддин Орумбекзода дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” зимни нишасти хабарӣ.

Ӯ илова кард, ки “донишҷӯе, ки иштирок дар маршировкаро хоҳиш надорад, касе ҳақ надорад, ки ӯро ба ин кор маҷбур созад”.

Аммо номбурда ҳамчунин илова кард, ки иштирок дар чунин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бадие надорад ва ҳар иштирокчӣ бояд ифтихор намояд.

“Дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа ширкат варзидан мояи ифтихор аст. Вале онҳое, ки хоҳиш надоранд, касе онҳоро маҷбур намекунад.  Аммо ҳолатҳое шудааст, ки дар баъзе мавридҳо ҳунармандон ва донишҷӯён, ки аз ҳайат бароварда мешаванд, баракс омада шикоят мекарданд, ки онҳо бояд дар чорабини ширкат варзанд”, - иброз дошт ӯ.    

Баъди суханронии вазир як хабарнигори ҷавон, ки донишҷӯй аст ва худро Сайрам Мӯсоева муарифӣ кард, ба Орумбекзода гуфт, ки “шумо гуфтед ба маршировка рафтан маҷбурӣ нест, аммо моро таҳдид мекунанд, ки дар ҳолати нарафтан аз донишгоҳ хориҷ мешавем. Ба ин чи мегӯед?”.

Орумбекзода дар посух илова кард, ки чунин талабот заминаи қонунӣ надорад ва агар нафаре нахоҳад, дар чунин маъракаҳо иштирок кунад, бигзор наравад. 

Зимнан зикр гардид, ки ин масъала ҳамеша дар конфронсҳо баррасӣ гардида, то имрӯз ҳалли худро пайдо накардааст. Гарчанде масъулони дигар ниҳодҳо низ мегӯянд, иштирок дар маршировка маҷбурӣ нест, аммо боз ҳам донишҷӯён бе хоҳиши худ дар он ширкат меварзанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.