Русия аз 18-уми март то 1-уми май сарҳадашро мебандад. Вуруд ба хориҷиён ва афроди бешаҳрванд манъ мешавад.
Дар ин робита сарвазири Русия Михаил Мишустин бо сарвазирони Тоҷикистон, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Тавре дар торнамои ҳукумати Русия хабар дода мешавад, Михаил Мишустин сарвазирони ин кишварҳоро огоҳ кард, ки барои таъмини амнияти давлат, ҳифзи солимии аҳолӣ ва пешгирии паҳншавии коронавирус, ҳукумати Русия тасмим гирифтааст, аз 18-уми март то 1-уми май вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандро ба қаламраваш муваққатан манъ мекунад.
Зикр шудааст, ки маҳдуд шудани вуруд ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулгарӣ дар Русия, ронандагони мошинҳои боркаши байнулмилалӣ, ҳайати масъули қатораҳои роҳи оҳани байнулмилалӣ, сарнишинони ҳавопаймову киштиҳо, аъзои ҳайатҳои расмӣ, шахсони дорои раводидҳои дипломатӣ, хизматӣ ва одии хусусӣ, ки бо сабаби марги хешони наздик дода шудаанд, шахсоне, ки доимӣ дар қаламрави Русия иқомат доранд, ҳамчунин шахсоне, ки тариқи транзити ҳавоӣ сафарро ихтиёр кардаанд, дахл нахоҳад дошт.
Зимни суҳбатҳои телефонӣ Михаил Мишустин таъкид доштааст, ки тадбирҳои аз ҷониби Русия роҳандозишуда ба тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мутобиқ буда, бо назардошти вазъи махсус қабул ва муваққатӣ мебошанд.
Сарвазирони кишварҳо ба тавофуқ расидаанд, ки доир ба масоили хатари минбаъдаи паҳншавии коронавирус доимо дар тамос хоҳанд буд. Зимни суҳбат дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ баррасӣ шудаанд.
Муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон
Имрӯз, 17-уми март Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар робита ба ҷорӣ шудани маҳдудияти вуруд ба Русия муроҷиат нашр кард:
Ба иллати ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19) Ҳукумати Русия қарор қабул кардааст, ки ибтидо аз 18 марти соли 2020 маҳдудияти вуруд ба хоки кишварро ҷорӣ намояд.
Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар аз сафар ба Русия дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.
Бояд таъкид кард, ки маҳдудияти мазкур нисбат ба ронандагони автомобилҳои боркаш, сарнишинони ҳавопаймову қатораҳо, шахсоне, ки бо роҳи транзитӣ аз гузаргоҳҳои фурудгоҳҳо мегузаранд ва ба Русия ба муносибати вафоти хеши наздик меоянд, татбиқ намегардад.
Хотиррасон мекунем, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия қарор доранд, дар ҳолати зарурат метавонанд ба намояндагии дипломатӣ ва муассисаҳои консулии мо муроҷиат кунанд:
Сафорати Тоҷикистон дар Москва:
тел: +7 (495) 690-41-86
Консулгарии генералӣ дар Санкт-Петербург:
тел: +7(812) 490-47-46
Консулгарии генералӣ дар Уфа:
тел: +7 (347) 276-52-96
Консулгарии генералӣ дар Екатеринбург:
тел: (+343) 370-23-60
Консулгарии генералӣ дар Новосибирск:
тел: +7 3833495970
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.