То охири моҳи июл аз Тоҷикистон ба Русия 23 парвоз бо хатсайрҳои чартерӣ анҷом гирифта, 3200 нафар ба Русия бурда шуданд.

Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов изҳор дошт, ки зимни таҳияи рӯйхати мусофирони парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия танҳо шаҳрвандии Русияро доштан муҳим набуда, шахсони дорои шаҳрвандии ду кишвар низ ба рӯйхат дохил карда мешаванд.

“Дар ин масъала муҳимтар он аст, ки мусофир дар Русия макони доимии зист дошта, онро бояд аз рӯйи ҳуҷҷат исбот карда тавонад, зеро ҳадафи аслии ин парвозҳо баргардонидани русиягиҳо ба хонаҳояшон аст”, - иброз дошт сафир.

Барои номнавис шудан ба парвоз шаҳрвандон бояд дар Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва бахши “Хизматрасониҳои давлатӣ” худро ба қайд гузошта, шакли махсуси электронии сабти пешакӣ ба хатсайрҳои ҳавоӣ ба Русияро пур кунанд. Дастури муфассал оид ба тарзи кор дар портал дар сомонаи сафорат қобили дарёфт аст.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов

Ба гуфтаи Игор Лякин-Фролов, айни замон вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ба истиснои баъзе категорияҳои махсус дар қарори  ҳукумати Русия аз 16 марти соли 2020 №635-р зикршуда, ба қаламрави Русия манъ аст.

“Шахсони дорои Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русия, иштирокчиёни барномаи кӯчондани ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин ҳамсару волидон ва фарзандони русиягиҳо ҳуқуқ доранд, ки ба қаламрави Русия ворид шаванд, лекин дорандагони Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) айни замон наметавонанд ба қаламрави Русия ворид шаванд. Инчунин манъҳои вуруди пештар ҷоришуда нисбати шаҳрвандони ба қонуншиканӣ дастзада амал мекунанд”, - гуфт ӯ.

Дар мавриди нархи билетҳо изҳор шуд, ки нархи онҳо дар ширкатҳои ҳавопаймоии Русия қатъиян сабтшуда - 400 евро барои 1 нафар буда, барои кӯдакон камшавии нархҳо пешбинӣ шудааст ва маблағи онро метавон тариқи интернет бо рубл, дар фурудгоҳ рӯзи парвоз бо сомонӣ бо назардошти қурби муобила пардохт намуд.

“Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон мустақилона нархи билетҳоро муқаррар мекунанд, ки вобаста ба самти парвоз ба Русия маъмулан 380-410 евроро ташкил медиҳад ва маблағ нақдӣ бо пули маҳаллӣ пардохта мешавад”, илова намуд сафири Русия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.