Овозхони саршиноси тоҷик, Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҷӯрабек Муродов рӯзи 24 декабр зодрӯзашро ҷашн гирифт.

Субҳи зодрӯзаш дар мусоҳиба ба хабарнигори “Азия-Плюс” ӯ изҳор дошт, ки шаб соати се ба хоб рафтааст, зеро аз ИМА, Исроиял, Туркия, Ҳиндустон, Ҷопон, инчунин аз ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо ба унвонаш занг задаанду паёмҳои табрикотӣ фиристодаанд.

- Зодрӯзамро дар хона дар ҳалқаи ҳамсару фарзандон ва набераҳо ҷашн мегирам, - иброз дошт ӯ. - Беҳтарин туҳфа имсол барои ман ба дунё омадани духтари Ҷонибек - Зулайхо аст. Албатта, мехостам, ки дар ин рӯз бо дӯстонам вохӯрам, лекин вирус ин нақшаҳоро барбод дод. Мехоҳам, ки худам ҳам солим бошаму дӯстонам низ. Умедворам, ки соли оянда ҳамааш хуб мешавад ва бо дӯстонамон вомехӯрем.

Дар бораи нақшаҳо

Ба гуфтаи ӯ, онҳо имсол дар нақша доштаанд, ки шурӯъ аз моҳи май дар Самарқанду Бухоро, Тошканд ва водии Фарғона консертҳои пуршукӯҳ ва сипас дар Душанбе консерти ҳисоботӣ барпо кунанд, лекин коронавирус ҳамаи ин нақшаҳоро барбод додааст.

- Медонед, замони сардии муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон пахшу намоиши сурудҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Ӯзбекистон камтар шуд. То ин дам ман тез-тез бо барномаҳои консертӣ ба Ӯзбекистон сафар мекардам ва мехоҳам, ки оянда ин корамро барқарор кунам.

Шералӣ Ҷӯраев ва Ҷӯрабек Муродов
Сурат аз бойгонии шахсии ҳунарманд

“Бо маҳалчигиамон ба чизе намерасем”

Устод ба масъалаи маҳалгароӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон низ ишора карда, изҳор дошт, ки соли 2020 он ба нуқтаи авҷи худ расидааст.

- Бо маҳалчигиамон ба чизе намерасем. Ин падида на ба рӯзноманигорону шоирон, сарояндагону мусиқачиён, балки ба бархе аз шахсон дар ҳукумат хос аст, ки ба хотири ҳокимият доштан ин корро мекунанд, - қайд кард ӯ. - Замони мо саволҳои “ту аз куҷоӣ” вуҷуд надошт. Ҳамаи дӯстони ман аз Кӯлобу Бадахшон, Ҳисору Зарафшон, Самарқанд ва дигар шаҳрҳо буданд. Дар филармония 400 нафар кор мекардем ва намедонистем, ки кӣ аз куҷост. Маҳалгароӣ замони ҷанги шаҳрвандӣ пайдо шуда, то имрӯз боқӣ мондааст. Имрӯз мебинам, ки боз ҷавонон гирдиҳам меоянд ва умедворам, ки маҳалчигӣ тадриҷан аз байн меравад.

Дар вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишкадаи санъат чунин гуфта будам:

“Бародарон, оянда сароянда мешавед. Сарояндаи миллӣ шавед, на маҳаллӣ. Фикр накунед, ки тоҷикон танҳо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар Покистону Эрон, Ҳиндустону Афғонистон ва дигар кишварҳо низ ҳузур доранд”.

Дар фарҷоми суҳбат ӯ ба ҳамаи тоҷикистониён сулҳу оромӣ орзу намуда, изҳори умедворӣ кард, ки соли 2021 дар барномаи пуршукӯҳи консертиаш дида ба дидор мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.