Ба ҳолати то 23 август дар Тоҷикистон 1 млн 891 ҳазору 850 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, инчунин воя (доза)-и дуюми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 363 ҳазору 895 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Вазорат ёдрас мекунад, ки аз давраи хуруҷи бемории коронавирус 4 млн 160 ҳазору 740 воя ваксина вориди қаламрави кишвар гардонида шуда, иқдомоти амалӣ дар ин самт идома доранд.

Зикр мегардад, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявиии муқовимат бо паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.

Гуфта мешавад, нафароне, ки ваксина нагирифтаанд, бояд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Имрӯз дар Тоҷикистон барои эмкунии шаҳрвандон аз ваксинаҳои зерин истифода мешавад: "Спутник V"-и Русия, Sinovac-CoronaVac-и Чин, AstraZeneca-и аз ҷониби Шветсия пешниҳодшуда (ба Vaxzevria табдили ном кард) ва Moderna-и ИМА.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.