Дар пойгоҳи асосии обкашии шаҳри Хуҷанд корҳои таъмиру барқарор ва навсозӣ ба охир расиданд. Акнун ба наздикӣ зиёда аз 180 ҳазор нафар сокинони шаҳр мунтазам ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намуданд, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, маросими анҷоми корҳо бо иштироки муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ва роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Рика Иши, инчунин муовини директори Дафтари ҳамкории Швейтсария (SECO) дар Тоҷикитсон Ричард Ченевард баргузор шуд.

Сурат: БАТР

Маблағи зарурӣ барои амалисозии лоиҳаи корҳои таъмиру таҷдид аз ҷониби БАТР ва ҳукумати Швейтсария ҷудо карда шуд.

“Ин аввалин лоиҳаи комилан анҷомёфтаи БАТР дар зерсохтори як шаҳри Тоҷикистон мебошад”, - илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.