Манижаи Сангин, овозхони шинохтаи тоҷиктабори муқими Русия  шоми 6-уми сентябри соли ҷорӣ ба Ладо Кватания, коргардони рус ба шавҳар баромадааст.

Дар ин бора Ксения Собчак, журналисти рус бо нашри чанд акс аз маросими никоҳи онҳо дар Telegram-канали худ хабар дод.

1/3

Манижа дар ин аксҳо бо либоси арӯсӣ дида мешавад. Маросими ақди никоҳи онҳо дар Николиная Гора, деҳаи дар тақрибан 30-километрии ғарби шаҳри Маскав доир шудааст.

Манижа 31 сол дошта, дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ соли 2021 ба намояндагӣ аз Русия дар озмуни муътабари “Евровидение” иштирок кард ва дар байни 41 довталаб ҷои 9-умро гирифт.

Дар бораи Ладо Кватания маълум аст, ки ӯ соли 2009 РАТИ-ГИТИС-ро хатм карда, сипас дар курсҳои сенариянависии Ҷон Труби ва Пол Браун дар Академияи санъати кинои Ню-Йорк таҳсил кардааст.

Рӯзи 9 октябр Манижа дар зодгоҳаш – шаҳри Душанбе консерт барпо мекунад. Ин консерт таҳти унвони “Шаҳри офтобӣ” дар “Кохи Суруш” доир мегардад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.