Фурӯши билетҳо ба аввалин консерти Манижаи Сангин дар Тоҷикистон таҳти унвони “Шаҳри офтобӣ”, ки рӯзи 9 октябр дар толори “Кохи Суруш” доир мегардад, оғоз шуд. Дар ин бора худи Манижа, иштирокчии давраи финалии озмуни “Евровидение-2021” ва сафири ҳусни нияти Раёсати умури паноҳандагони СММ рӯзи 3 сентябр дар саҳифаи худ дар Facebook хабар дод.

Манижаи Сангин навишта (пост)-и худро “Душанбеи ман! Шаҳри офтобии ман!” унвон кардааст.

Билетҳоро аз ин ҷо дарёфт кардан мумкин аст.


Ёдрас мекунем, ки пас аз бекор шудани якчанд ҳунарнамоиҳо дар Русия, Манижа ба сафари ҳунарии «Неотменяемый тур» (Сафари ҳунарие, ки бекор намешавад) баромад, ки аз моҳи сентябр оғоз шуд.

Дар марҳилаи аввал ӯ ба Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон меравад. Қисмате аз маблағи консертҳо ба Фонди дастгирӣ ва ҳифзи одамон дар шароитҳои душвори зиндагии SILSILA равона мегардад. Ин Фонд аз ҷониби худи Манижа ҳамроҳи модараш Наҷиба таъсис дода шудааст.

“Мусиқиро бекор кардан мумкин нест. Барои ҳар як ҳунарманд саҳна ҳаёт аст. Ва маҳз пас аз як моҳ ин ҳаёт ниҳоят дубора садо медиҳад”, - навишта буд  Манижа аввали моҳи август дар саҳифаи Instagram-и худ.

Ёдрас мекунем, ки Манижаи Сангин охирин то имрӯз иштирокчӣ аз Русия дар озмуни мусиқии «Евровидение-2021» аст, ки бо иҷрои суруди Russian Woman аз рӯи натиҷаи овоздиҳӣ дар даҳгонаи аввал қарор гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.