Дар робита ба босуръат поинравии ҳарорат дар Тоҷикистон, кори муассисаҳои таълимии томактабӣ боздошта шуд.

Мувофиқи фармоиши Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, бо назардошти пешгӯии обуҳавошиносон ва фарорасии сармо, чанд рӯзи минбаъда дар баробари мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ дар кӯдакистонҳо ҳам таътил эълон шуд.

Таътил то 16 январ давом мекунад.

“Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 16-уми январ, рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда оғоз мегарданд”, - зикр мегардад дар санад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ин тасмим бо назардошти сард омадани ҳаво ва бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон рӯйи даст гирифта шудааст.

Моҳи декабр дар Вазорати тандурустӣ изҳор дошта буданд, ки дар кишвар бемории “зукоми мавсимӣ” ҷараён дорад, лекин  бархе аз сокинони кишвар бар ин назаранд, ки аломатҳои зукоми кунунӣ ба коронавирус шабоҳат дошта, беморон, аз ҷумла кӯдакон онро вазнин паси сар мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, то 14-уми январ дар қисмати бештари қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво сард шуда, барфи шадид меборад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.