Хабаргузории “Азия-Плюс” якчанд рӯз талош варзид, ки ба савол дар бораи чаро дар аксу наворҳои видео дар шишаи махсус (инкубатор) набудани тифлони фавтида дар таваллудхонаи вилояти Суғд посух дарёбад.
Қаблан Вазорати тандурустӣ дар ин робита иттилоъ пахш намуда, изҳор дошт, ки барои ҳифзи ҳаёти тифлон тамоми тадбирҳо рӯйи даст гирифта шуд.
Нурӣ Дадобоева, сардухтури таваллудхонаи вилоятӣ гуфт, табибони ин даргоҳ барои зинда мондани шашгоникҳо ҳамаи кӯшишро кардаанд ва сабаби марги онҳо “пеш аз муҳлат ва камвазн ба дунё омадан” аст.
Дар ҳамин ҳол, на Вазорати тандурустӣ ва на сардухтури беморхона аз 12 январ (рӯзи эълони марги шашгоникҳо) то имрӯз ба саволи чаро дар инкубаторҳои махсуси ҷудогона гузоштан нашудани тифлон посух надодаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки худи Вазорати тнадурустӣ вазни онҳоро «кӯдакони норасидаи экстремалӣ» арзёбӣ кард.
Кувез (инкубатор) ва ё шишаи махсус - дастгоҳи автоматии додани ҳаво (кислород) ва таъмин бо ҳарорати оптималӣ мебошад, ки навзодони бармаҳал таваллудшуда ё бемор ба он гузошта мешаванд.
Дар бораи берун аз инкубаторҳо нигоҳ дошта шудани навзодон, шаҳрвандон аз аксу наворҳои видеои гузошташуда хулоса бароварда метавонистанд. Дар онҳо дида мешавад, ки тифлони навзод паҳлӯи ҳам дар як кат хобида гузошта шудаанд.
Дар 96%-и ҳолатҳо кӯдакони норасидаи вазнашон 500-700 гр дар рӯзҳои аввали ҳаёташон мемиранд
Сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустии ҶТ Зоир Набиев дар ин робита ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки аз ҷониби кӣ наворбардорӣ шудани видео ва чаро паҳлӯи ҳам берун аз инкубатор хобидани шагоникҳоро намедонад.
Шояд касе онҳоро барои наворбардорӣ берун гирифта бошад. Ин метавонад касе аз ҳайати кормандони таваллудхона бошад, лекин то ҷое, ки ман медонам, аз таваллуд то замони марг тифлон дар инкубаторҳо буданд ва кислород мегирифтанд, - мегӯяд Набиев.
Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки дар таваллудхонаи вилоятии Суғд ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла инкубаторҳо (кувезҳо) мавҷуд аст. Ҳамчунин дар он ҷо неонатолог ва акушер-гинекологҳо (момодояҳо)-и соҳибтаҷриба кор мекунанд.
- Дар ин таваллудхона тифлони бармаҳалро, ки то 1 кг вазн доранд, нигоҳубин мекунанд. Барои ин тамоми шароиту мутахассисон муҳайё буда, аз ҷумла сардухтури неонатологи вилоят Қосимова Матлюба ин ҷо кор мекунад. Дар ин таваллудхонаи вилоятӣ ҳама занони ҳомиладор, ки таваллуд карданашон мушкил аст, бистарӣ мешаванд. Аммо табобати кӯдаконе, ки вазнашон аз 750-780 грамм камтар аст, хеле душвор аст, - идома дод ӯ. - Вазни ин шашгонкҳо бошад, 550-700 граммро ташкил медод.
Инчунин бояд таъкид кард, ки тибқи омори ҷаҳонӣ, дар 96% ҳолатҳо кӯдакони бармаҳал таваллудшуда бо вазни 500-700 грамм дар рӯзҳои аввали ҳаёт мефавтанд. Ин на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари ҷаҳон низ рух медиҳад, - илова намуд Зоир Набиев.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мутахассиси неонатолог, табиби дараҷаи олии МД «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» Зуҳро Каримова, сабаби марги кӯдакон метавонад дар шароити нокофӣ бошад.
- Ман дар навор дидам, ки онҳо дар кати одӣ хобидаанд, ҳарчанд онҳо бояд дар инкубатор мебуданд. Зеро бачаҳои вазнашон 700—600 грамм зуд гармиро гум мекунанд, - шарҳ дод Каримова. - Аз ҳама бадтар вақтест, ки дар чунин ҳолатҳо гипотермия (вайрон шудани мубодилаи гармӣ, ки бо паст шудани ҳарорати бадан дар заминаи таъсири ҳарорати паст ва / ё кам шудани истеҳсоли гармӣ ва афзоиши бозгашти он зоҳир мешавад) ё гипертермия (аз ҳад зиёд гармшавӣ бо ҳарорати беш аз аз 37 ºС) рух медиҳад. Ин барои майнаи сари кӯдакон хатарнок аст.
Дар баробари ин, табиб аз эҳтимол дур намедонад, ки ҳақиқатан ҳам наҷоти шашгоникҳо имкон надошт.
Хешовандони шашгоникҳо аз хунукназарӣ гуфтанд
Шашгоникҳо рӯзи 11 январ ба дунё омада, рӯзи дигар фавтиданд. Хешовандони онҳо ба телефони боварии сарвазири Тоҷикистон занг зада, аз хунукназарии табибони таваллудхонаи вилоятӣ шикоят карданд ва изҳор намуданд, ки ният доранд ба прокуратура низ муроҷиат кунанд.
Залияхон Раҳимова, модаркалони шашгоникҳо ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки баъди ба таваллудхонаи вилоятӣ овардани духтараш, “ба ӯ саривақт ёрии тиббӣ нарасониданд”. Дар ин маводи мо маълумоти муфассал дар ин бора қобили дарёфт аст.
Вазорати тандурустӣ дар иттилои нашркардаи худ хабар дод, ки зани ҳомиладор бо мошини ёрии таъҷилӣ ба таваллудхона оварда шуда, таъҷилан бистарӣ шуд. Зикр шуд, ки тифлони ба дунё омада, аз рӯи мӯҳлати ҳомиладорӣ 26 ҳафта, қариб 6 моҳаро ташкил доданд, ки онро «кӯдакони норасидаи экстремалӣ» (бо вазни ниҳоят кам) мегӯянд.
“Мутаассифона, сарфи назар аз ҳамаи тадбирҳои андешидаи кормандони таваллудхона, ҳамаи шашгоникҳо фавтиданд”, - зикр гардида буд дар маълумоти Вазорати тандурустӣ.