Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бори дигар аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват мекунад, ки дар робита ба обуҳавои номусоид дар рӯзҳои охири моҳи июн дар кӯҳҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтитёткор бошанд.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, hӯзҳои 24-26 июн дар минтақаҳои алоҳидаи Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари омадани сел, резиши санг дар роҳои кӯҳӣ ва ярч боқӣ мемонад.
Гуфта мешавад, 27-28 уми июн дар саросари ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда боқӣ монда, рӯзҳои 27-28 –уми июн ҳавои тираи олуда ба чангу хок дар назар дошта шудааст, дар як қатор ноҳияҳои ВМКБ борон меборад.
Дар робита ба ин, Кумита бори дигар ба аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда ва сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд.
Кумита ба сокинон тавсия медиҳад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум ва доруворӣ худдорӣ кунанд.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат аз тариқи роҳҳи кӯҳиву ағбаҳо эҳтиёткор бошанд.
Ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад сари вақт селроҳаҳо, ҷӯву каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег тоза кунанд.