Дар Тоҷикистон масъулияти тарбияи кӯдаконро ба се ниҳод тақсим карданд: ҷомеа, оила ва мактаб. Пештар ин масъулият танҳо ба дӯши волидон вогузор шуда буд.
Дар ин қонун оид ба омӯзгорон чӣ гуфта шудааст, онҳо то кадом андоза ва барои чӣ масъулият доранд ва оё қабули ин қонун сабаби тарки мактаб кардани муаллимон намешавад?
Дар қонун чӣ гуфта мешавад?
Қонуни нав, ки масъулияти муаллимонро барои тарбияи кӯдакон пешбинӣ мекунад, назди онҳо саволҳои зиёдеро ба миён овардааст.
Табиист, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ агар ягон ҳодисае дар мактаб рух медод, муаллимон ва директор масъулият доштанд. Аммо чӣ гуна онҳо метавонанд дар умум масъулияти тарбияро ба зимма гиранд?
Дар моддаи 12-и қонуни пешин ба сурати умум дар бораи вазифаи муаллим, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, муассиса ва дигар ташкилотҳои марбут ба масъалаи таълиму тарбияи кӯдакон сухан мерафт.
Акнун дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ ва омӯзгор як боби алоҳида ҷудо шудааст, ки дар он моддаи 18 - “Ҳуқуқҳои муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак” (8 банд), моддаи 19 - “Уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ дар таълиму тарбияи кӯдак”(15 банд) ва моддаи 20 - “Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои омӯзгор” (19 банд) зикр шудаанд.
Барои намуна чанде аз онҳо:
- дар муассисаи таълимӣ либоси дахлдор пӯшад;
- аз қабули ҳар гуна маблағ, аз ҷумла дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯз, аз гирифтани туҳфаҳои молию пулӣ аз таълимгирандагон худдорӣ намояд;
- дар раванди таълиму тарбия нисбат ба кӯдак зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода набарад;
- ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи кӯдакро риоя ва эҳтиром карда, ба муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзананда нисбат ба ӯ роҳ надиҳад;
- нисбат ба таълимгирандагоне, ки тартиботи дохилии муассисаи таълимиро халалдор менамоянд, ба дарсҳо бе тайёрӣ меоянд ва шакли зоҳириашон ба талабот ҷавобгӯ нест, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва падару модарро сари вақт хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намояд;
- оид ба таълимгирандагоне, ки аз таҳсил саркашӣ карда, аз хондан дур мемонанд, падару модар ва роҳбарияти муассисаи таълимиро сари вақт хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намояд;
- аз тарғиби ғояҳои бегона ва ташвиқи ҳама гуна масъалаҳое, ки аз доираи мавзӯи дарс берунанд, худдорӣ намояд.
Муаллимон: Санҷишҳо ба раванди таълим халал мерасонанд
Ба сурати умум, ба ақидаи бисёре аз омӯзгорон, тағйироти воридшуда ба воқеияти кунунӣ мувофиқат мекунанд. Аммо нигарониҳое вуҷуд доранд, ки иловаҳо ба ин қонун ба сифати раванди таълим таъсир мерасонанд ва вазифаи асосии мактаб – додани маълумоти мукаммал ба кӯдаконро канор мегузоранд.
«Солҳои охир дар мактаби мо мақомоти мухталиф - шуъбаи маорифи ноҳия, милитсия, дигар мақомоти давлатӣ тез-тез санҷишҳо мегузаронанд. Ҳама чизро месанҷанд – сар аз чӣ гуна либос пӯшидани хонандагон то чӣ доштан дар сумкаву кисаҳо, журналҳои ҳозиру ғоиб, - нақл мекунад як муаллимаи мактаби миёнаи шаҳри Турсунзода. – Ин хеле асабӣ карда, бисёр вақт ба тарки вазифа кардани баъзе омӯзгорон боис мегардад».
Муаллима Мунаввара Маликова аз Душанбе низ ба ақидаи ҳамкори худ розӣ аст.
«Моро ҳамеша лозим меояд, ки диққатамонро аз дарсҳо ба дигар чизҳо равона созем. Агар хонанда дар дарсҳо набошад, маълум кун, ки ӯ дар куҷост. Бе китоби дарсӣ ё либоси номувофиқ омада бошад ҳам, ту ҷавобгӯ. Агар дар кадом кӯчае ҷанҷолу занозанӣ карда бошанд, ту гунаҳкор, назорат накардаӣ. Аммо чӣ метавон кард, агар ин ҳодиса берун аз мактаб рух диҳад? Ҳамаи ин ба рӯҳия фишор меорад, диққат ба чизи дигар равона мешавад», - шикоят мекунад омӯзгор.
Ба ақидаи бисёре аз омӯзгорон, ҳамаи ин чораҳои тарбиявӣ ба сифати раванди таълим таъсири манфӣ мерасонанд.
«Муаллимон бояд бо кӯдакон кор кунанд, аммо санҷишу ҷазоҳо набояд доимӣ бошанд, – мегӯяд як омӯзгори мактаби пойтахт Иброҳим Раҳматов. - Албатта, дар мактабҳо бояд тартибот бошад ва кӯдакон ба таври бояду шояд тарбия шаванд. Аммо ин вазифаи натанҳо мактаб ва волидон, балки тамоми ҷомеа аст. Танҳо бо ҷазоҳо мушкилро ҳал кардан мумкин нест. Як кори ҳамаҷониба лозим аст, ки ҳама бояд иштирок кунанд».
«Бигзор кӯдаконро санҷишгарон таълим диҳанд ва тарбия ҳам кунанд»
Бисёре аз муаллимон дар мактабҳо пеш аз қабули тағйирот аз сарбории зиёд, санҷишҳои тез-тез ва маоши кам шикоят мекарданд.
«Ба ҷуз аз таълим додани фанни асосии худ, ман инчунин роҳбарии синфро ба уҳда дорам, - нақл мекунад як муаллимаи мактаби миёнаи пойтахт. – Сарбории дарсҳову санҷишҳо бисёру, маош кам аст. Бо ин сабаб бисёре аз муаллимони мо барои кор ба Русия рафтаанд.
Мушкилоти зиёд вуҷуд дорад. Қариб ҳар мактаб ба васеъшавӣ ниёз дорад – меъёри 25 хонанда дар синф риоя намешавад. Дар баъзе синфҳо кӯдакон сари мизҳо се нафарӣ мешинанд. Муаллиме, ки дар синфи иборат аз 35-40 хонанда таълим медиҳад, наметавонад ба ҳамаашон диққати лозима диҳад».
Ба гуфтаи ӯ, ба муаллимони забонҳо, инчунин математика ва дигар фанҳо, ки бояд ҳатман дафтарҳоро тафтиш кунанд, пардохти одилона намешавад.
«Вазъияти роҳбари синф хеле мушкил аст: барои маблағи ночизе мо бояд ба як гурӯҳи калони хонандагон роҳбарӣ кунем. Дар тамоми вақти дар мактаб будани кӯдакон, ҳатто дар вақти берун аз дарсҳо, бояд пайваста ҳар кадоми онҳоро назорат кунем, ки ин аз лиҳози ҷисмонӣ ғайриимкон аст.
Ва барои ҳар як қонуншикании хонандагон мо масъулем. Ва ин ҷо боз санҷишҳо – аз директорони мактаб, Вазорати маориф то мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Қариб ҳар рӯз.
Бо қабули тағйирот, ман фикр мекунам, ки талабот ба муаллимон боз ҳам бештар хоҳад шуд. Ин хеле асабонӣ мекунад, моро аз вазифаҳои асосии худ дур мекунад. Ва, эҳтимолан, як қисми муаллимонро ба ҷустуҷӯи кори дигар мебарад».
Муаллими математикаи мактаби дигари пойтахт, ки нахост номашро бигӯяд, тасмим гирифт, ки бинобар қонун дар бораи тарбияи кӯдакон аз кор равад.
«Ба мактаби мо то қабули он низ, дар охири соли таҳсил, ки ҳама аллакай хеле хастаанд, омада буданд, - мегӯяд ӯ. - Пештар низ дар мактабҳо бисёр санҷишҳои нофаҳмо ва нолозим вуҷуд доштанд, ҳатто аз ҷониби милитсия, ки ман умуман намефаҳмам дар мактабҳо чӣ кор мекунад, ҳоло бошад, вазъ боз ҳам бадтар мешавад.
Ман тасмим гирифтам, ки аз соли нави таҳсил аз кор равам, зеро ин асабхаробӣ ба ман лозим нест. Бигзор кӯдаконро санҷишгарон таълим диҳанд ва тарбия ҳам кунанд.
Ҳоло албатта, вақти ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафтан нест, аммо беҳтараш ба ҳамон ҷо. Агар хоҳиш бошад, дар шаҳри начандон калон омӯзгор шудан ҳам имкон дорад. Санҷида мебинам».
Дар ҳамин ҳол
Қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”-ро волидон бо хушнудӣ қабул карданд.
«Дуруст аст. Кӯдак қисми зиёди вақти худро дар мактаб ва кӯча мегузаронад. Волидон вазифадоранд, ки кӯдаконро тарбия кунанд ва назорат баранд, аммо ҷомеа ва мактаб низ бояд масъулият дошта бошанд», - мегӯяд як сокини Душанбе Мақсудҷон Маликов.
Ба гуфтаи ӯ, тағйироти қабулшуда бояд вазъи тарбияи кӯдаконро беҳтар ва муҳимтар аз ҳама, қонуншиканиҳоро дар мактабҳо кам кунанд.
«Албатта, аксари муаллимон вазифаи худро содиқона иҷро мекунанд. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки ҳеҷ гуна назорат вуҷуд надорад. Ва чизи дигари ташвишовар ин аст, ки баъзе муаллимон, директорони мактабҳо вазъи воқеии мактабро аз волидон ва роҳбарияти Вазорати маориф пинҳон мекунанд. Масалан, хонандагони синфе, ки писари ман дар он таҳсил мекунад, дар баҳори соли ҷорӣ бо хонандагони мактаби дигар занозанӣ карданд. Маълум шуд, ки роҳбари синф, директори мактаб аз ин хабар дошта, аммо ба ҳалли масъала танҳо “дар дохил ва байни худ” иктифо кардаанд.
Фикр мекунам, ки навгониҳо масъулияти муаллимон ва роҳбарони мактабҳоро баланд мебардорад. Агар вазифаи худро содиқона иҷро кунед, набояд аз ин ташвиш дошта бошед», - мегӯяд Маликов.