Се лоиҳаи нави қонуни федералӣ оид ба назорати муҳоҷират ба баррасии Думаи давлатӣ пешниҳод карда шуданд. Дар ин бора раиси Думаи Давлатӣ Вячеслав Володин хабар дод.
Дар лоиҳаи аввали қонун пурзӯр кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ пешбинӣ шудааст. Омилҳои вазнинкунанда "ҳузур доштани шахс дар ҳудуди Русия бо нақзи тартиби муқарраршуда" ҳисобида мешаванд.
Боз як лоиҳаи дигар бидуни қарори додгоҳ қатъ намудани дастрасӣ ба захираҳои интернетиро, ки дар онҳо хидматрасонии ғайриқонунӣ барои муҳоҷирон ва фурӯши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои гирифтани мақоми муҳоҷират пешниҳод мешавад, дар бар мегирад. Лоиҳаи охирини қонун аз манъ кардани иштироки миёнаравҳо дар қабул кардани имтиҳонҳо барои муҳоҷирон иборат аст.
Тибқи гуфтаи Володин, дар маҷмӯъ 25 лоиҳаи қонун оид ба назорати муҳоҷират, вазъи ҳуқуқии хориҷиён ва масъалаҳои додани шаҳрвандии Русия дар баррасии Думаи давлатӣ қарор доранд.
Бақайдгирӣ мувофиқи ген ва биометрия
Аз ҷумла, раиси Кумитаи тафтишоти Русия оид ба муқовимат ба ҷинояткорӣ дар соҳаи муҳоҷират ва такмили сиёсати муҳоҷират ба Думаи давлатӣ пешниҳодҳо фиристодааст. Тавре ки хадамоти матбуоти Кумита хабар медиҳад, ба онҳо танзими бештар ва ҳатто маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ дохил мешавад.
Барои назорати дақиқтар раиси Кумитаи тафтишот пешниҳод кардааст, ки барои муҳоҷирон гузаштан аз расмиёти биометрия, гирифтани изи ангуштон (дактилоскопия), сабт тибқи генҳо, баҳисобгирии рақамии ҷойи кор ва истиқомат барои ҳамаи шаҳрвандони воридшаванда, инчунин манъи сабти оммавӣ дар "хонаҳои резинӣ" ҷорӣ карда шаванд.
Кумитаи тафтишот тавсия додааст, ки далели тайёрӣ дидан, суиқасд ё барқасдона содир намудани ҳама гуна ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин ба асосҳои маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русия илова карда шаванд.
"Ғайр аз ин, бо назардошти дидаву дониста нодида гирифтани талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби хориҷиёни ғайриқонунӣ дар Русия ҳузурдошта, пешниҳод карда мешавад, ки содир кардани ҷиноят аз ҷониби шахсе, ки дар ҳудуди Русия бо нақзи тартиби муқарраршуда қарор дорад, ҳамчун омилҳои вазнинкунанда муқаррар карда шавад", - гуфта мешавад дар хабар.
Барои онҳое, ки шаҳрвандии Русияро мегиранд, пешниҳод карда мешавад, ки тартиби гирифтани шиносномаи русӣ ҳамзамон бо бақайдгирии ҳарбӣ мутобиқ карда шавад.
Мувофиқи моддаи 10 қисми 2 қонуни федералӣ "Дар бораи Кумитаи тафтишотии ФР", роҳбари мақомоти тафтишотӣ ба таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар масъалаҳое, ки ба соҳаи фаъолияти ниҳод дахл доранд, ҳуқуқ дорад. Як қатор дигар пешниҳодҳои Бастрикин ба уҳдадориҳои корфармоён, ки муҳоҷиронро ба кор мегиранд, алоқаманд мебошанд.
Ихроҷ дар муддати 48 соат
Ғайр аз ин, аз қироати дуюми лоиҳаи қонун дар бораи ҳуқуқи мақомоти пулис ҷиҳати қабули қарорҳо дар бораи хориҷкунии маъмурии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бармеояд, ки муҳлати нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки тибқи қарори пулис бояд аз Русия хориҷ шаванд, на бештар аз 48 соат хоҳад буд, агар додгоҳ қарори дигар қабул накунад. Ҳоло ин муҳлат то 90 рӯз аст.
Тибқи тағйирот, ба моддаи Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ иловаҳо ворид карда мешаванд, ки меъёрҳои ҷойгир кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро ба муассисаҳои махсус, ки бояд хориҷ карда шаванд, танзим мекунанд.
Шахсони мазкур ба муассисаҳои махсус бо қарори директори Хадамоти федералии амният (ФСБ), роҳбари ВКД ва мақомоти минтақавии он, роҳбари мақомоти сарҳадӣ, инчунин муовинони онҳо ҷойгир карда мешаванд. Тибқи тағйиротҳо, дар ин ҳол муҳлати нигоҳдории онҳо дар муассисаҳои махсус на бештар аз 48 соат хоҳад буд. Ҳамзамон, дар кодекс низоми ҳозираи имконпазирии ҷойгир кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар муассисаҳои махсус бо қарори додрас нигоҳ дошта мешавад - дар ин сурат онҳо дар чунин муассисаҳо на бештар аз 90 рӯз, тавре ки қонун муқаррар кардааст, нигоҳ дошта мешаванд.
Муҳлати нигоҳдории чунин шахсон дар муассисаҳои махсус метавонад бо қарори додрас бо дархости шахсони мансабдори ВКД ё Хадамоти федералии амният аз 48 соат зиёд карда шавад, аммо он наметавонад аз 90 рӯзи муқарраркардаи қонун зиёд бошад.
Тибқи тағйирот, дар ҷаласаи додгоҳ оид ба баррасии чунин дархостҳо метавонанд худи шахсони хориҷшуда, намояндагони қонунӣ ё ҳимоятгарони онҳо, инчунин шахсоне, ки бо дархости худ ба додгоҳ муроҷиат намудаанд, иштирок кунанд, агар додрас иштироки онҳоро зарур донад.
Ҳамзамон, ҳозир нашудани шахсони мансабдор дар ҷаласаи додгоҳ ба баррасии дархост монеъа шуда наметавонад. Аз болои қарори додрас, ки аз рӯи натиҷаи чунин ҷаласа қабул карда мешавад, тибқи қонун метавонад шикоят бурда шавад.
Реҷаи ихроҷ
Рӯзи 19 июл дар ҷаласаи пленарии Думаи Давлатӣ лоиҳаи қонун доир ба ҷорисозии реҷаи ихроҷ (рондан) барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои ҳузури қонунӣ дар Русия асос надоранд, дар қироати аввал қабул шуд. Пешниҳод мешавад, ки ба қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР" тағйироти дахлдор ворид карда шавад.
Мувофиқи лоиҳаи қонун, шаҳрвандаи хориҷӣ, ки ҳаққи будубош дар Русияро надорад, аз рӯзи дохил шудани маълумот дар бораи ӯ, шахси шомил ба феҳристи шахсони таҳти назорат дар реҷаи ихроҷ қароргирифта шуморида мешавад. Баъди хориҷ шудан аз ин феҳрист амали реҷаи ихроҷ қатъ мешавад. Тартиби истифодаи реҷаи навро ВКД муқаррар мекунад.
Дар лоиҳаи қонун пешниҳод мешавад, ки ҳангоми баргузории чорабиниҳои назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират, мақомоти пулис бо нишон додани шаҳодатномаи хидматӣ ҳаққи дастрасӣ ба хонаҳо ва дигар ҷойҳоеро, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷии дар реҷаи ихроҷ қарордошта зиндагӣ мекунанд ё воқеан ҳузур доранд, пайдо мекунанд.
Ғайр аз ин, мақомоти пулис ба дархости маълумот ва ҳуҷҷатҳо аз мақомоти давлатии Русия ва мақомоти давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати роҳандозии назорати давлатӣ, аз ҷумла сирҳои маълумоти тиҷоратӣ, бонкӣ, андоз ва дигар сирҳои тибқи қонун ҳифзшаванда, инчунин аз бонкҳо гирифтани маълумот дар бораи мавҷудият ва рақамҳои суратҳисобҳои бонкии шаҳрвандони хориҷии дар реҷаи ихроҷ қарордошта, интиқол ё қабули маблағ тариқи ин суратҳисобҳо ҳуқуқ дорад.
Ҳамчунин кормандони пулис метавонанд шаҳрвандони хориҷии дар реҷаи ихроҷ қарордоштаро назорат кунанд, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникӣ. Ин меъёр ҳамчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба чунин шаҳрвандон “дар будубош дар ҳудуди Русия мусоидат мекунанд”, дахл дорад.
Дар ҳолати қабули лоиҳаи қонун, мақомоти пулис ба истифодаи маълумоти дастгоҳҳои мобилӣ ва макони ҷойгиршавӣ (геолокатся), низомҳои пардохтӣ бо реҷаи автоматии воситаҳои махсуси шинохти чеҳра ҳангоми гузаронидани назорат дар соҳаи муҳоҷират дар доираи реҷаи ихроҷ ҳуқуқ пайдо мекунад.
Ба хориҷиёни дар ҳолати ихроҷ аз Русия қарордошта метавонанд тадбирҳои маҳдудият рӯйи даст гирифта шаванд, аз ҷумла манъи харидории амволи ғайриманқул, кушодани суратҳисобҳо дар бонкҳо ва бастани ақди никоҳ. Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки ба онҳо харидории воситаҳои нақлиёт, мошинҳои худгард ва дигар навъҳои техника, инчунин бақайдгирии чунин нақлиёт манъ карда шавад.
Мувофиқи лоиҳа, онҳо дар ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда шуда, ба супоридани имтиҳонҳо барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ роҳ дода намешаванд.
Қаблан рӯзи 9 июл раиси палатаи поёнии парлумон Вячеслав Володин хабар дод, ки Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонунро дар бораи васеъ кардани рӯйхати қонунвайронкуниҳо, ки барои онҳо ихроҷи муҳоҷирон аз кишвар пешбинӣ шудааст, боз аз рӯйи 20 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дастгирӣ хоҳад кард.
Миёни онҳо майдаавбошӣ, пешниҳоди маълумоти нодуруст ҳангоми бақайдгирии муҳоҷират, итоат накардан ба фармоиши сохторҳои қудратӣ, таблиғи рамзҳои миллатгароӣ ё рамзҳои ташкилотҳои ифротгаро ва баъзе дигар муқаррарот зикр шудаанд.
Пеш аз ин рӯзи 27 июн, раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар бораи зарурати тағйирот дар сиёсати муҳоҷирати кишвар изҳори назар кард. Ӯ даъват намуд, ки мушкилоти иқтисодӣ аз ҳисоби муҳоҷирати дохилӣ ҳал карда шаванд.
Рӯзи 19 июн намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк хабар дод, ки аз аввали соли 2024 зиёда аз 30 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия ихроҷ карда шудаанд, ки ин қариб ду баробар бештар нисбат ба соли 2023 мебошад. Ба гуфтаи ӯ, кормандони пулис зиёда аз 50 ҳазор қонуншиканиҳоро дар соҳаи муҳоҷират пешгирӣ кардаанд.