Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон зарурати ворид кардани фанҳои нав ба барномаи таълимии мактабҳоро намебинад, зеро ин “сарбории мактаббачагони тоҷикро бештар мекунад”.
Ба иттилои Вазорати мориф ва илми кишвар, дар нақшаи таълимии мактабҳои Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025 ва солҳои минбаъда ба таври универсалӣ фанҳои маърифати оиладорӣ, таърихи дин, санъати тасвирӣ, мусиқӣ ва экология, астрономия ва фанҳои зиёди дигаре омӯхта мешаванд, ки фарогири муҳити талаботи имрӯзи ҷаҳон мебошад.
“Аз ин лиҳоз, зарурати ворид намудани фанҳои нави таълимӣ ва вазнин намудани сарбории хонандаи тоҷик ба манфиати мактаби имрӯзи мо нест. Ғайр аз ин, сарбории зиёд кӯдаконро аз доираи талаботи стандартҳои фаннӣ ва таълимӣ берун меафканад, ки дарсбезорӣ ва нафрат ба баъзе аз дарсҳоро дар ӯ бедор менамояд”, - гуфтанд дар Вазорат.
Дар вазорат ҳамчунин дар бораи гузаштан ба низоми нави таълим “Муносибати салоҳиятдор” эълон кард, ки дар он на ба муаллим, балки ба иштироки фаъолонаи хонанда дар раванди таълим таваҷҷӯҳ зоҳир мешавад. Ин система ба талабагон имкон медиҳад, ки донишҳои гирифтаашонро дар ҳаёт беҳтар истифода баранд.
Илова бар ин, Вазорати маориф ва илм таъкид кардааст, ки “танҳо омӯзгорони ботаҷриба ва соҳибихтисос метавонанд воқеан ба ҷаҳонбинӣ ва дарки хонандагон таъсир расонанд, ба онҳо дар фаҳмидани мавзӯъҳо кӯмак кунанд ва дар онҳо рӯҳияи худогоҳӣ, муҳаббат ба дониш ва инсондӯстиро бедор кунанд”.
“Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО барномаҳои баланд бардоштани тахассуси омӯзгоронро таҳия менамояд”, - гуфтанд дар Вазорат.
Ёдовар мешавем, ки 8 сол қабл дар мактабҳои Тоҷикистон фанни “Маърифати оиладорӣ” ҷорӣ шуда буд.
Китоби дарсӣ ба арзишҳои оилавӣ ва хусусиятҳои бунёди оила таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Мавзӯъҳо, аз қабили омодагӣ ба издивоҷ, оқибатҳои издивоҷи хешутаборӣ, пешгирии хароҷоти беҳудаи тӯй, аҳамияти солимии оила, тарбияи фарзанд, сабабҳои муноқишаҳои оилавӣ ва ғайра баррасӣ мешаванд.