Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Намояндаи ҷамъияти робита бо ҳамватанони бурунмарзии «Пайванд»-и Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки барои иштирок дар анҷумани навбатии тоҷикони ҷаҳон, ки аз 5-ум то 11-уми сентябр доир мегардад, намояндагони 26 кишвари дунё ба шаҳри Душанбе меоянд.
Ба қавли ӯ, дар чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 1150-умин солгарди Одамушшуаро Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар маҷмӯъ, ҳудуди 90 намояндагони диаспораҳои бурунмарзии тоҷикон ширкат хоҳанд варзид.
«Мо меҳмонони тоҷикзабонро аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Олмон, Бритониёи Кабир, Австрия, Канада, Чин, Ҳиндустон, Гурҷистон, Белжик, Исроил, Марокко, Русия, Эрон, Покистон, Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо бесаброна интизорем», - таъкид сохт сарчашма.
Бино ба иттилои сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев, меҳмонони анҷуман аз аксари шаҳрҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла зодгоҳи шоир Абӯабдулло Рӯдакӣ - деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент низ боздид менамоянд. Дар ин деҳа баргузор намдани чорабиниҳои ҷашнии шоир ба нақша гирифта шудааст.
Идомаи сафари Қоҳир Расулзода ба Эрон. Ширкат дар ҳамоиши иқтисодии Баҳри Хазар ва мулоқот бо муовини аввали раисҷумҳури Эрон
“Бозбинӣ ва озод кунед”. Вакилони дифои Шокирҷон Ҳакимов ва Рухшона Ҳакимова аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ шикоят бурдаанд
Варзишгарон ва муррабиёни беҳтарини соли 2024 маълум шуданд. Онҳо кистанд?
Коршиносони СММ: дар Афғонистон зиёда аз 20 гурӯҳи террористӣ мустақаранд
Фейк | “Муҳаммадсобир Файзов шартнома баста, ба ҷанги Украина меравад”
Чӣ симои пойтахтро коста мекунад?
Оғози музокироти Амрико ва Русия дар Риёз. Поёни ҷанг дар Украина дар меҳвари музокира хоҳад буд
Ҳар лаҳза аз нӯшокиҳои “АРК Саноат” лаззат баред
Ба 46 варзишгари тоҷик ҷоизаи президент дода шуд. Онҳо кистанд ва чӣ қадар мукофотпулӣ гирифтанд?
Хадамоти алоқа барои қабули арзу шикоят оид ба сифати алоқа ва интернет Маркази тамос таъсис дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста