Душанбе, 13-уми сентябр - Озмуни байналхалқии суруди «Панҷ ситораи интервизион» дар соли 2009 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Дар вазорати фарҳанги мамлакат овозаҳоро дар бораи баргузор нагардидани озмуни мазкур дар Тоҷикистон рад намуданд. «Ҷумҳурии мо дар амал нишон дода метавонад, ки барои гузаронидани чунин ҷамъомадҳои калони фарҳангӣ аз шаҳри Сочӣ камӣ надорад», - гуфтан дар вазорат.

  Тайёрӣ ба озмун аллакай шурӯъ шудааст. Айни ҳол тадбирҳои омодагӣ бо кумитаи тадорукоти Русия мувофиқа карда мешаванд. Тавре хабар дода шуда буд, 31 август озмуни мазкур дар шаҳри Сочӣ баргузор гардид. Дар он намояндаи Тоҷикистон сазовори ҷоизаи асосӣ шуд. Мувофиқи қоидаҳои озмун, иштирокчии ғолиб ҳақ дорад, ки озмуни навбатиро дар мамлакати худ баргузор созад.